Раҳмон Эронро шарики муҳимми Тоҷикистон дар минтақа хонд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро дидору гуфтугӯ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф, сурат гирифт.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид.
“Мо кишвари дӯсту бародари Эронро шарики муҳимми худ дар минтақа арзёбӣ мекунем”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Вай афзуд, ки нақши парлумонҳои ду кишвар дар рушду тавсеаи равобити Тоҷикистону Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф махсус таъкид гардид.
Қолибоф ва Рустам Эмомалӣ бар густариши ҳамаи ҷонибаи равобит таъкид карданд
Дар ин зимн ҷонибҳо хостори идомаи муколамаи созандаи парлумонӣ ва тақвияти бештари фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ шуданд.
Дар дидор таъкид гардид, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту транзит, кишоварзӣ ва дорусозӣ ба манфиати ҳар ду кишвар хидмат менамояд.
Ҳамчунин дар мулоқот густариши ҳамкории фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои муштарак аз вазифаҳои дигари парлумонҳо дониста шуд.
Зикр карда шудааст, ки тарафҳо нақши ҳамкории байнипарлумониро ҳамчунин дар пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон ниҳоят муҳим арзёбӣ намуданд.