ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Муҳаммадбоқир Қолибоф раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ба Тоҷикистон меояд.
Расонаҳои эронӣ дар истинод ба раиси Гуруҳи дӯстӣ ва порлумонии Эрону Тоҷикистон аз сафари раиси маҷлис ба Тоҷикистон ба манзури ширкат дар Конфронси солгарди Қонуни асосии ин кишвар хабар дод.
Фатҳуллоҳи Тавассулӣ таъкид кард, ки ҳайати порлумонии Эрон (чаҳоршанбе) озими Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешаванд.
“Ин сафар ба даъвати мақомоти тоҷикистонӣ анҷом мешавад ва аҳдофи чандҷониба ва дуҷониба дар ин сафар дунбол мешавад”, қайд кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январ раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни сафари расмиаш ба Эрон раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эронро дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон даъват карда буд.
Оқои Қолибоф пешниҳоди Рустами Эмомалиро қабул карда буд.
Рустами Эмомалӣ зимни сафараш ба Эрон чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расонида буд, аз ҷумла Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар равона карда шудааст.