ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар Екатеринбург санги асоси масҷид ба хотри қаҳрамонони амалиёти вижаи низомӣ гузошта шуд, хабар медиҳад хабарнигори РИА “Новости”.
Масҷиди нав дар баромадгоҳи Екатеринбург - дар ҳудуди боғи Шувакиш сохта мешавад. Дар маросими гузоштани санги асос раиси маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Русия, муфтӣ Албир Крганов, муфтиҳои вилоят, иштирокчиёни амалиёти вижаи низомии мусулмон, намояндагони дигар дину мазҳабҳои Екатеринбург ва Урал ширкат доштанд.
"Имрӯз мо дар ин ҷо дар Екатеринбург ҷамъ омадаем ва дар як кори хайрия - дар гузоштани санги асоси масҷиде бахшида ба хизматчиёни ҳарбӣ иштирок мекунем”, - гуфт Крганов.
Вай қайд кард, ки дар Екатеринбург ҳамагӣ ду-се масҷид мавҷуд аст, боқимонда намозгоҳҳо ҳастанд.
Пас аз маросим, оқои Крганов ба хабарнигорон гуфт, ки сохтмон эҳтимол тақрибан аз се то панҷ сол давом кунад.
"Имкониятҳо зиёд нестанд, аммо мо кӯшиш мекунем, ки марҳилаи аввал як намозгоҳи хурд хоҳад буд, мо аллакай одамоне дорем, ки дар сохтмон кӯмак кунанд", - гуфт Крганов.
Қаблан раиси Идораи динии мусулмонони вилояти Свердловск Абдулқуддус Ашарин ба хабаргузории РИА “Новости” гуфта буд.