Вазъи Эрон сабаб шуд: Рақиби “Равшан”-ро ихроҷ карданд

Бошгоҳи “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон аз парвоз ба Эрон барои бозӣ худдорӣ кард ва дар натиҷа аз Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё хориҷ карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дастаи “Моҳун Баган” рӯзи 2 октябр дар шаҳри Табрез бо тими "Тракторсозӣ" бояд бозӣ мекард, ин даста аз КФО дархост карда буд, ки ба далели нигарониҳои амниятӣ ин бозӣ ба дигар рӯз гузошта шавад, иттилоъ додааст “Рӯзномаи Хатлон” дар истинод ба ТВ “Варзиш”.
Дар ҳамин ҳол, Конфедератсияи футболи Осиё (КФО ) аз дигар кардани ҷадвал худдорӣ кард ва тими “Моҳун Баган” тасмим гирифт, ки ба ин бозӣ ба Эрон парвоз накунад.
Бояд қайд кард, ки дар ин рӯзҳо Эрон ба тарафи Исроил ва баста шудани ҳарими ҳавоӣ дар минтақа баста шуд.
Бо вуҷуди ин, ахиран КФО эълон кард, ки бошгоҳи Ҳиндустон ба далели ҳузур надоштани бозиҳо аз Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё хориҷ мешавад.
Ҳамчунин, ҳамаи имтиёзҳо, голҳо ва натиҷаҳои ин даста бекор карда шуданд.
Сабаб чист?: Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозӣ бо дастаи Русия даст кашид
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Моҳун Баган” дар як гурӯҳ бо “Равшан”-и Тоҷикистон, “Тракторсозӣ”-и Эрон ва “Ал-Вакра”-и Қатар буд.
“Равшан” бозии аввалро бо “Моҳун Баган” дар сафар анҷом дода буд, ки бозӣ бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом ёфта буд.
Ҳоло пас аз бекор кардани имтиёзҳо ва голҳои “Моҳун-Баган” тими “Равшан”, ки як имтиёз ба даст оварда буд, ҳоло бе имтиёз монд.
Баъдан “Равшан” дар даври дуюм дар шаҳри Душанбе аз “Ал-Вакра” бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.