ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ Том Дилен дар бораи рушди варзиш, аз ҷумла намуди камонварӣ табодули афкор намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки раиси вилоят иброз дошт, ки солҳои охир дар Тоҷикистон ба варзиши камонварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар вилояти Суғд Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ таъсис дода шуд.
Аҳмадзода қайд кард, ки пайваста мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда, таваҷҷуҳи насли наврас ба камонварӣ зиёд гардида истодааст.
Дар навбати худ, Котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ Том Дилен, ки ҳамчун меҳмон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон иштирок дошт, ба сатҳи баргузории мусобиқа баҳои баланд дод.
Вай изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ташкил карда хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварии вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалии камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки бахшида ба Рўзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 4-7 октябр ташкил гардид, беш аз 100 нафар варзишгарон ва мураббиён иштирок доштанд.
Барои иштирок дар ин мусобиқа варзишгарони Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Судон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва РУсия ба вилояти Суғд омаданд.
Ба ғолибони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ медалу мукофотҳои пулӣ ва Ҷом супорида шуд.