Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Ҳамсуд (ИДМ) иштирок дорад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ шоми 7 октябр вориди Маскав шуд.
Нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Кремл, таҳти раёсати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия сурат мегирад.
Дар ҷаласаи мазкур 14 масъала баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи мақомоти Русия сарони давлатҳо натоиҷи рушди ҳамкориҳо дар доираи ИДМ дар соли 2024 ва вазифаҳои асосиро барои соли 2025 муайян мекунанд, мушкилоти кунунии минтақавию байналмиллалӣ ва иқдомоти баланд бардоштани самаранокии фаъолияти созмонро баррасӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.