Дар Душанбе нахустин чемпионати ҷаҳон дар риштаи ҷудо байни ҷавонон чӣ гуна гузашт? -видео

Нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба Ҷудо миёни наврасон дар шаҳри Душанбе, барои варзишгарони тоҷик бо ду медал ба охир расид
Sputnik
Мусобиқа аз 2-юм то 6-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии пойтахт идома ёфт. Дар он 531 варзишгар, аз 67 кишвари 5 қитъаи ҷаҳон иштирок доштанд.
Сабқатҳо дар 14 вазн – 7 вазн миёни мардон ва 7 – вазн миёни бонувон сурат гирифтанд.
Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 24 ҷудокор ташкил медоданд, ки танҳо ду нафар варзишгари мо тавонист ба гирифтани нишонҳои мусобиқа даст ёбанд.
Ин нишонҳо, якеаш Дар ин мусобиқа Лоиқ Қутбиддинов соҳиби медли нуқра шуд. Медали дигари варзишгарони тоҷик биринҷӣ буд, ки онро Муҳиддин Асадуллоев ба даст овард.
Рақиби навбатии Ғафуров дар UFC маълум шуд
Аз рӯи ба даст овардани маҷмӯи медалҳо мунтахаби Тоҷикистон бо 2 нишон дар ҷои 12-ум қарор гирифт.
5 кишваре, ки шумораи бештари медалҳои мусобиқаро ба даст оварданд инҳоянд:
1. Ҷопон 13 – медал,
2. Чин 3 – медал
3. Фаросна – 4 медал
4. Ӯзбекистон – 4 медал
5. Кореяи Ҷанубӣ – 2 медал
Дар рақобатҳои даставӣ мунтахаби Ҷопон қаҳрамон гардида, Фаронса мақоми дуюмро касб кард. Кореяи Ҷанубӣ ва Узбекистон медалҳои биринҷии рақобатҳои даставиро дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон соҳиб гардиданд.