Тӯфони қуму ғубор дар Тоҷикистон беш аз 10 маротиба афзудааст

Тӯфонҳои қум дар зери таъсири тағирёбии иқлим шиддат гирифта, миқдори зиёди хок ва моддаҳои заррачаҳои майдаро ба масофаҳои дур интиқол медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои пурғубор сол то сол зиёд шуда, дар солҳои охир шумори тӯфонҳои қуму чанг беш аз 10 маротиба афзудааст.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи коршиносони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар авоили солҳои 90-ум ҳамагӣ 2-3 ҳодисаи тӯфони қуму чанг ба қайд гирифта шудааст. Дар чанд соли охир дар як сол бештар аз 35 маротиба чунин обу ҳаво ба қайд гирифта шудааст.
КҲФ Тоҷикистон як воҳиди байналмилалии наҷотдиҳандаҳоро омода мекунад
Ин ниҳод мегӯяд, танҳо дар давоми тамоми тобистон ва сентябри соли 2023, қариб дар ҳар дувуним рӯз сокинони ҷумҳурӣ асири ҳавои чанголуд буданд, ки ин вазъият дар соли 2024 идома ёфт.
"Дар Тоҷикистон 4,1 дарсади қаламрав дучори тӯфони шадиди қуму ғубор аст, ки беш аз 560 ҳазор гектар заминро ташкил медиҳад", - гуфт манбаъ.
Таъкид мешавад, ки тӯфонҳои қуму чанг, ки дар зери таъсири тағйирёбии иқлим шиддат мегиранд, боиси интиқоли миқдори зиёди ғубор ва зарраҳои хурди сахт ба масофаҳои дур шуда, дар рӯи пиряхҳо ҷойгир мешаванд.
Ин таъсирот фаротар аз нигарониҳои экологӣ буда, мушкилоти иҷтимоию иқтисодиро зиёд мекунанд, ки ба дастрасии об барои кишоварзӣ, гидроэнергетика ва таъмини оби ошомиданӣ таъсир мерасонанд ва ба ин васила ба воситаҳои зиндагӣ ва амнияти озуқаворӣ дар минтақа асар мегузорад.