Парлумон тасдиқ кард: Транзити боркашонӣ тавассути қаламрави Узбекистон осонтар мешавад

Ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон бе рухсатнома амалӣ мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Узбекистон "Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ" — ро, ки 9 марти соли 2018 дар Душанбе ба имзо расида буд, ба тасвиб расонид.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни тавзеҳи ин масъала дар парлумон гуфт, ки тағйирот ба Созишномаи байниҳукуматӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии ҳарду давлат, инчунин татбиқи ҳадафҳои стратегӣ оид ба табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати транзитӣ ворид карда шудааст.
Ҳуҷҷат сода кардани гузариши транзитии мошинҳои боркашро тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон пешбинӣ менамояд.
"Ҳар сол дар маҷмуъ 25 000-30 000 иҷозатнома барои ҳамлу нақли дуҷониба, транзит ва интиқоли бор аз/ба давлати сеюм, ки қисми зиёди он барои боркашонии транзитӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон истифода мешавад, табодул мегардад. Ҳар сол воситаҳои нақлиёти автомобилии мамлакати мо зиёда аз 36 000 ҳамлу нақли байналмилалиро тавассути қаламрави Узбекистон анҷом медиҳанд ",- афзуд вазир
Транзити молҳои Тоҷикистон тариқи Узбекистон соддатар мешавад
Тибқи Пртоколи имзошуда, акнун ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2024 Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Узбекистон "Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ" аз ҷониби Парлумони Узбекистон низ ба тасвиб расид.