ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки рӯзҳои 4-5 октябри соли равон дар як қатор навоҳии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бар асари тағйироти обу ҳаво тӯфони граду ғубор дар назар аст.
“Бар асари омилҳои метеорологӣ (гарду хок) олудагии ҳаво бо моддаҳои беруна, ҳиссачаҳо, ки 10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5)-ро ташкил хоҳад дошт, дар назар аст”, - таъкид кардааст манбаъ.
КҲФ вобаста ба ин чанд тавсия ба аҳолӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар чунин ҳолатҳо додааст. Аз ҷумла КҲФ қайд кардааст, нафароне, ки аз бемориҳои дилу раг ранҷ мекашанд ва ё гирифтори касалиҳои қанд мебошанд, диққат диҳанд.
1.
Бештари оби тоза нӯшед, рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр2.
То ҳадди имкон тирезаҳои хона пӯшида бошанд. Агар мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд.3.
Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.4.
Пизишкон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:
меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;
ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем;
агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.