Бунёди неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон

Ба иттилои вазорати энергетикаи Тоҷикистон НБО “Чарсем” дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт бунёд хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Вобаста ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии Неругоҳи барқи обии “Чарсем” миёни ҶСК “Помир Энерҷӣ” ва ширкати мушовирии “Gruner Stucky” (Швейтсария) 27-уми сентябри соли 2024 шартнома ба имзо расонда шудааст.
Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки неругоҳи барқи обии “Чарсем” дар ноҳияи Шуғнон, ВМКБ бунёд мегардад.
“НБО “Чарсем” дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт бунёд хоҳад шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
НБО “Чарсем” аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофӣ мавқеи стратегӣ дошта, барои пайвасти минбаъдаи шабакаҳои асосии “Помир Энерҷӣ” ба шабакаи то ҳоло ҷудобудаи ноҳияи Мурғоб замина фароҳам меорад.
Барои сохтмони НБО "Себзор" ба "Помир Энерҷӣ" даҳҳо миллион евро грант доданд
Ёдовар мешавем, ки қаблан Муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки дар оянда барои таъсис додани корхонаҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ дар нуқтаҳои дурдасттарини кишвар ҳам чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Аз ҷумла, бунёди Неругоҳи барқи обии “Себзор”, сохтмони НБО “Чарсем” ва неругоҳҳои барқи бодиву офтобӣ, ки тезондани сохтмону мавриди истифода қарор додани онҳоро ҷиҳати вусъатбахшии раванди сохтмони корхонаҳои саноатии вилоят мусоидат мекунад.