Бонки чинӣ омодааст дар сохтмони НБО “Роғун” маблағгузорӣ кунад

Роҳбарияти Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ дар мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон барои маблағгузории сохтмони НБО “Роғун” изҳори омодагӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ Ҷин Ликин масъалаи сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикӣ дар ҷумҳуриро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мулоқот мазкур дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи 9-умин вохӯрии солонаи Шӯрои директорони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ сурат гирифт.
Қайд карда шудааст, ки дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ, рафти амалишавии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, маблағгузории лоиҳаҳои нави афзалиятнок ва механизми татбиқи онҳо, табодули таҷриба дар самти маблағгузории лоиҳаҳои бахши хусусӣ ва ғайраҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Тоҷикистон барои ҷалби қариб 1,2 млрд доллари хориҷӣ ба "Роғун" гуфтушунид дорад.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо таваҷҷуҳи асосиро ба маблағгузории сохтмони НБО “Роғун” доданд.
“Аз ҷониби Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ ҷиҳати маблағгузории сохтмони НБО “Роғун” изҳори омодагӣ карда шуд”, - қайд кард манбаъ.
Зикр гардидааст, ки ҷонибҳо зимни мулоқот барои ҷалби бештари сармояи бонк ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва тақвияти бештари ҳамкориҳо дар самтҳои зикршуда изҳори омодагӣ намуданд.