ДУШАНБЕ, 1 окт— Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо роҳбари Миссияи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Мэтю Гартнер баргузор гардид.
Зимни мулқот вазири иқтисоди Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар моҳҳои январ-августи соли 2024 новобаста аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон татбиқи саривақтии ҳадафҳои стратегии кишвар, қабули қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ, барномаву стратегияҳо рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид.
Оқои Завқизода дар ин дидор қайд намуд, ки бо назардошти таъмини суръати рушди иқтисоди кишвар дар ҳашт моҳи соли 2024 дурнамои Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025 бозбинӣ ва баланд карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран ширкати рейтингии байналмилалии “Moody’s” дурнамои рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро баланд бардошт.
Ширкати рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service” рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро бинобар беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар аз дараҷаи "B3" бо дурнамои “устувор” ба дараҷаи "B3" бо дурнамои “мусбат” баланд бардошт.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон ба болоравии рейтинг омилҳои зерин, аз қабили рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд Тоҷикистон уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд таъсир кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мутахассисони Бонки АвруОсиёии рушд (БАОР) иқтисодиёти Тоҷикистон суръати баланди рушдро нигоҳ медорад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, ки то охири соли равон 8% афзоиш хоҳад ёфт, хабар медиҳад Бонки рушди АвруОсиё дар шабакаи телеграми худ.
БАОР дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2024 дар сатҳи 8% дар давоми соли ҷорӣ пешгӯи кардааст.
Бояд гуфт, ки соли гузашта иқтисоди Тоҷикистон 8,3% рушд карда буд.
Дар шаш моҳи аввали соли 2024 Маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар ба 61,7 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,2 фоиз баробар гардид.
Суръати рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 11,5%, кишоварзӣ 9,6%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7%, гардиши савдо 11,9%, боркашонӣ 13,8% ва мусофиркашонӣ 9% таъмин гардид.
Сатҳи таваррум, дар давраи ҳисоботӣ 1,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ кам мебошад.