ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон мизони бемории сил дар 10 соли ахир 39% коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт.
Илова бар ин фавт аз ин беморӣ низ дар ҷумҳурӣ 80% кам шудааст. Дар баробари ин фарогирии муолиҷа тавассути дору 70% ва самаранокии он ба 75% расид.
Абдуллозода тавзеҳ дод, ки чунин натиҷаҳо дар мубориза бо ин беморӣ дар робита ба татбиқи барномаи миллии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил ба даст омадаанд.
Тибқи омори расмӣ аз аввали сол дар Тоҷикистон 191 ҳолати гирифторӣ ба бемории сил ба қайд гирифта шудааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 ҳодиса зиёд будааст.
Дар маҷмӯъ, соли гузашта 9 272 нафар ба бемории роҳҳои нафас гирифтор шуда буданд.