ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар як қатор ноҳияиҳои Суғд ва тобеи ҷумҳурӣ эҳтимол рӯзҳои 27 ва 28 сентябр сел ояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод.
"Рӯзҳои 27-28 сентябри соли равон дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани селҳо эҳтимол дорад", - омадааст дар хабари Кумита.
Бинобар хавфи сар задани офати табиӣ, ин ниҳод сокинонро ба эҳтиёткорӣ даъват намуд.
Аз ҷумла тавсия дод, ки барои пешгирӣ кардан аз воридишавии селоба ба хонаҳо, сокинон бояд сари вақт ҷӯйборҳо, каналу селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву сангу рег тоза кунанд.
Илова бар ин, рафтан ба шикору моҳидорӣ, ҷамъ овардани ҳезум ва чоронидани чорво тавсия дода намешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамчунин аз ронандагон ва дӯстдорони шуғли кӯҳгардӣ хост, ҳангоми ҳаракат тариқи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.