Интизор меравад, ки Эрон дубора ба Русия хиёнат мекунад

"Мо омода ҳастем, ки бо аврупоиҳо ва амрикоиҳо сари мизи музокира дар робита ба низоъ дар Украина нишинем. Мо ҳеҷ гоҳ онро дастгирӣ накардаем."
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дмитрий Бавирин. Инро дар бинои Созмони Милали Муттаҳид шахсе изҳор дошт, ки бинобар мавқеъаш аз ӯ чунин изҳоротҳоро интизор набуданд: раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён.
Ҳамагӣ якуним моҳ пеш ӯ роҳбарии мақомоти иҷроияи кишварро бар ӯҳда дошт ва ҳоло ҳамчун “кабӯтари сулҳ” ба Ню-Йорк парвоз кардааст.
Ӯ даъват мекунад, ки "ба ҷои мубориза аз зиндагӣ лаззат барем" ва "Заминеро созем, ки ҳама тавонанд дар он хушбахтона зиндагӣ кунанд."
Ба эътиқоди вай, эрониҳо ва амрикоиҳо "метавонанд бародар бошанд". Вай ҳатто изҳор намуд, ки тайёр аст "силоҳи худро дар пеши Исроил гузорад" (ба шарте агар Исроил ҳам чунин кор кунад). Ва ҳамааш хуб мебуд, дар ҷаҳон Маҳатмаи нав намерасад, агар Пизишкиён барои ҷудо шудан аз Русия кӯшиш намекард ва илтифоти Вашингтонро намеҷуст.
Раисиҷумҳури қаблӣ Иброҳим Раисӣ дар бораи мувофиқа кардан бо Ғарб фикр намекард, ҳамкориҳои дифоъиро бо Федератсияи Русия таҳким мебахшид, аммо моҳи май ҳангоми суқути чархбол даргузашт.
Теҳрон гуфт, Ғарб наметавонад бо таҳримҳо иродаи худро алайҳи Эрон таҳмил кунад
Ӯро собиқ кардиолог Пизишкиён иваз кард, ки либерал маҳсуб мешавад ва рисолати худро дар аз нав барқарор кардани робита бо Иёлоти Муттаҳида мебинад.
Дар Эрон наметавон худ ба худ раисҷумҳур шавӣ, барои ин дуои Пешвои муаззам (Раҳбар) Алии Хоманаӣ зарур аст, аз ин рӯ, ба эътиқоди уламои форсшинос, Раҳбар ҳам “гармшавиро” дар ҷабҳаи Ғарб мехоҳад. Ӯ сабабҳое дорад, ки ин корро бихоҳад, зеро таҳримҳое, ки Эрон дар тӯли даҳсолаҳо зиндагӣ мекард, иқтисоди ин кишварро хароб кардааст. Норозигӣ аз сатҳи зиндагӣ дар ҷомеа вуҷуд дорад ва барои беҳтар кардани он технология ва сармоягузорӣ лозим аст.
Оне, ки консерватори зиддиғарбӣ Раисӣ дар суқути чархбол ба ҳалокат расид, рамзи ғамангези худро дорад. Фарсуда шудани чархболу ҳавопаймоҳо ва камбуди шадиди қисмҳо яке аз сабабҳои он аст, ки Теҳрон мехоҳад юғи таҳримҳоро сабук кунад. Ин барқарор кардани "созишномаи ҳастаӣ"-ро талаб мекунад, аммо аввалан, наздикшавии дипломатӣ зарур аст, ки мувофиқи меъёрҳои ғарбии замони мо маънои дурӣ аз Русияро дорад. Оё ин маънои онро дорад, ки аз Эрон дар замони раисҷумҳури нав чизеро интизор шудан мумкин аст, ки дар Украина он "зрада" ва дар Русия хиёнат ном дорад? Ба гумон аст. Ин ҳатто андешаи мо не, ин аст ақидаи нашрияи амрикоии "The Atlantic", ки аз чунин пешгўиҳо сабукиро ҳис намекунад.
Бо нашри маводи калоне оид ба равобити Русияву Эрон, амрикоиҳо ба бисёре аз сигналҳои зоҳиран нохуш барои Маскав, аз қабили болоравии нави собиқ вазири хориҷа Ҷавод Зариф, яке аз сиёсатмадорони зидди Русия дар Эрон, ки ба таври ошкоро вобастагии Русия ва Хитойро интиқод мекунад, таъкид карданд.
Бо вуҷуди ин, Иёлоти Муттаҳида ба хулосае меояд, ки бо вуҷуди хоҳиши паст кардани шиддат бо Ғарб, либералҳои эронӣ "тайёр нестанд, ки муносибатҳоро бо Русия ва Чин қурбон кунанд" ва дар айни замон онҳо ба изҳороти худи Пизишкиён ишора мекунанд.
ВКХ Русия аз ИМА хост, ба ҳамкориҳои Русия бо Эрон бинӣ назанад
Дарҳол пас аз интихоб шуданаш, ӯ бо услуби ҷолиби ғайрирасмии худ иброз дошт: "Ин бачаҳо (Ғарб) алайҳи мо таҳримот ҷорӣ карданд ва ин бачаҳо (Русия ва Чин) бошад ба мо кӯмак карданд." Хулосаҳои The Atlantic хубанд, аммо далелҳо баҳсбарангезанд, аз ҷумла далелҳои марбут ба болоравии Зариф ба мақоми муовини ноиби раисҷумҳур.
Бозгашти ӯ ба қудрат на ба муносибати зидди Русияи Пизишкиён вобаста аст, балки ба он чизе, ки бо он ҳама розӣ ҳастанд: Теҳрон мехоҳад "созишномаи ҳастаӣ"-ро эҳё кунад. Зариф яке аз муаллифони аслии он аст, маҳз таҳти раҳбарии ӯ дар вазорати хориҷа созишнома баста шуд.
Аммо суханрониҳои рангини Пизишкиён, баръакс, набояд тасаллӣ диҳанд. Тавсифи ӯ дар бораи вазъ дар соли 2015, вақте ки "созишномаи ҳастаӣ"-и бадномшуда баста шуд, муҳим буд. Аммо пас аз лағви бархе аз таҳримҳо аз Эрон, теъдоде аз ширкатҳои ин кишвар аз қарордодҳои қаблан басташуда бо ширкатҳои русӣ даст кашиданд, зеро аз дурнамои дар Ғарб бозшуда хурсанд шуданд.
Аммо пас аз як сол, Доналд Трамп президенти Иёлоти Муттаҳида шуд ва созишномаро як сӯ партофта таҳримҳоро тамдид кард, яъне худи ҳаёт "хоинонро" муҷозот кард. Ҳатто агар Пизишкиён инро дар хотир надошта бошад хам, Раҳбар хатман дар хотир дорад. Ин таҷрибаи сиёсии худи ӯ аст, ки дар муқоиса бо суханрониҳои Пизишкиён, воқеан кафолати такрори хаторо медиҳад.
Трамп ҳамон шахсе боқӣ мемонад, ки масъалаи Эрон аслан ба ӯ вобаста аст. Агар вай бори дигар дар интихобот пирӯз шавад, умедҳои Теҳрон барои паст кардани шиддат барбод хоҳанд рафт. Пас, то овоздиҳии моҳи ноябр, Пизишкиён метавонад танҳо то пирӯзии Камала Ҳаррис таваққуф кунад. Ҳамзамон, Ҳаррис ваъда дод, ки аз Исроил пуштибонӣ мекунад ва ҳамзамон ҳимоят аз Исроил ва беҳтар кардани равобит бо Эрон худ як ҳиллае аст.
Эрон барои роҳ ёфтан ба бозори ИИАО дар Арманистон бузургтарин Маркази савдо месозад
Худи Исроил фаъолияти раисиҷумҳури нави Эрон ва тими “сулҳхоҳи”-и ӯро хеле мушкил мекунад. Эрон ҳанӯз ба куштори Исмоил Ҳания, раиси Бюрои Сиёсии ҲАМОС дар Теҳрон вокуниш нишон надодааст, ҳарчанд он билофосила пас аз савгандёдкунии Пизишкиён, ки Ҳания дар он ҷо меҳмон буд, рух дод. Ва ҳоло, пас аз як амали бесобиқа барои хароб кардани дастгоҳҳои телекоммуникатсионии "Ҳизбуллоҳ", нерӯҳои ҳарбии Исроил дар ҷараёни амалиёти "Тирҳои Шимол" ба Лубнон як силсила ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод. Ҳукумати Бинёмин Нетаняҳу тасмим гирифтааст, ки "Ҳизбуллоҳ"- “зертобеи” Эрон ва бахше аз тарҳи геополитикии онро, ки ба таври ғайрирасмӣ “камарбанди шиъаҳо” номида мешавад, комилан нобуд созад.
Агар Пизишкиён дахолат кунад, муқовимат байни Эрон ва ИМА ба дараҷаи нави боз хам хавфноктар мерасад. Агар дахолат накунад, ӯ пеши муҳофизакорон (консерваторҳо), пеш аз ҳама Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва Раҳбар бояд ҷавоб диҳад. Худи Хоманаӣ ба ҳеҷ ваҷҳ либерал нест ва Пизишкиёни либерал ба ӯ ҳамчун абзоре лозим аст, ки дар сурати нишон додани нотавонӣ дар фаъолият ва ё дар муқовимати шадид бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон барканор мешавад. Инчунин маъмулан пазируфта мешавад, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз ҳамкориҳои низомӣ бо Русия ва Чин аз ҷиҳати тиҷоратӣ манфиат мегирад. Таҷовуз ба ин ҳамкориҳо ба Пизишкиён хеле гарон меафтад, агар ӯ таваккал кунад ва худро аввал ба Сипоҳи посдорони инқилоб ва сипас Раҳбар муқобил гузорад.
Мақомоти Эрон бештар аз мақомоти дигар кишварҳо ба мутаассибӣ ва ангезаҳои мистикӣ (ва аз ин рӯ, пешгӯиашон мушкил аст) гумонбар мешаванд. Чунин одамон, гӯиё хилофи ақл бо номи хилофат бомбаи ядроиро ҳам тарконда метавонанд. Дар ҳақиқат, ин "ифротиҳо бо тафаккури мистикӣ" борҳо, давоми даҳсолаҳо барои худ роҳи на ҳамеша муваффақ, балки ҳамеша оқилонаро дар сиёсати хориҷӣ интихоб мекунанд, бар хилофи Аврупо, ки қаблан барои рафтори бошуурона дуо мекарду ҳоло бешуурона ва хилофи манфиатҳои миллии худаш рафтор мекунад.
Хиёнати Теҳрон ба Русия ҳоло аҷиб ба назар мерасад, зеро он ғайримантиқӣ аст, саривақтӣ нест, мушкил ва соддалавҳона аст. Ба таври эронӣ не. Ин маънои онро дорад, ки сарфи назар аз ҳама даъватҳо ва изҳоротҳо дар СММ, он як тахмине боқӣ мемонад, ки ҳатто амрикоиҳо ба он бовар надоранд.