ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Эрон бо вазири навтаъини нафти ин кишвар Муҳсин Покнажод мулоқот намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо дар меҳвари суҳбати масоили густариши ҳамкориҳои соҳавӣ, аз ҷумла, ҷалби сармоя ба бахши нафту газ, таҳвили нафти хом аз Эрон ба Тоҷикистон бо пешниҳоди тахфифҳоро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин тафарафҳо дар бораи табодули таҷрибаи мутахассисони кишварҳо низ табодули назар карданд.
Қайд карда шудааст, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон бо вазири навтаъини нафти Эрон вобаста ба омӯзиши чоҳҳои нафту газдори Тоҷикистон табодули назар карданд.
Ёдовар мешавем, ки тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар дидори вазири неруи Эрон Аббос Алӣ Ободӣ бо вазири энергетика захоири оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, баррасӣ шуд.
Алии Ободӣ баъд аз ин мулоқот бо баёни инки бархе аз мабоҳиси матраҳшуда дар ин ҷаласа марбут ба ҳавзаи об ва барқ мешавад, ба пешбурду иҷрои пружаҳои мутаъаддид тавассути ширкатҳои Эронӣ дар Тоҷикистон ишора кард.
“Пружаи Сангтуда-2 аз ҷумлаи ин пружаҳост, ки мабоҳисе барои рафъи мавонеъи пешрафти ин пружа матраҳ шуд", - афзуд ӯ.
Алии Ободӣ бо ишора ба табодули назар дар заминаи тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳо дар ҳавзаи энергетикӣ ва соири мабоҳис изҳор кард, ки Эрон ва Тоҷикистон ба лиҳози таърихӣ дорои иштирокоти дерина фаровоне ҳастанд ва умед аст ин равобит бо тавсеаи гардишгарӣ ва соири мабоҳис тақвият шавад.
“Мутмаинам дар давраи мудирияти вазири ҷадиди неруи Эрон ҳамкории ду ҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи энержӣ тақвият дода мешавад”, иброз дошт Далер Ҷумъа дар дидор бо вазири неруи Эрон.
Вазири энергетика ва захоири оби кишвар таъкид кард, ки Тоҷикистон ба манзури ҷазби сармоягузорӣ ва низ баҳрамандӣ аз дониши фаннӣ ва мутахассисони эронӣ, ки ҷузви бартаринҳо дар дунё ба шумор мераванд истиқбол мекунад.