ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Ҳ.Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров то кӯчаи М.Маҳмадалӣ бекор карда шуд.
Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохираи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бинобар қисман ба анҷом расидани корҳои таъмирӣ, маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин кӯчаи шаҳри Душанбе бекор карда шуд.
“Акнун ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд, аз он истифода намоянд”, - қайд кардааст ВКД.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, ки дар тӯли 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллар 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардид.
“Дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2183 км роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаҳои сесатҳа ва 2 дусатҳа, 5 нақби мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хатти роҳи оҳан, 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардиданд”, қайд кард ӯ.
Вай таъкид кардааст, ки дар ин муддат ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуданд, ки дар натиҷа Тоҷикистони сепорча ба як қаламрави воҳид мубаддал гардида, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт.