Эрон барои роҳ ёфтан ба бозори ИИАО дар Арманистон бузургтарин Маркази савдо месозад

Бо сохтмони бузургтарин Маркази байналмилалии савдо дар Арманистон Эрон мехоҳад ҳамкориҳояшро бо кишварҳои узви ИИАО тақвият бахшад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Дар пойтахти Арманистон Ереван рӯзи 1 октябр бузургтарин маркази тиҷоратии Эрон дар хориҷ ифтитоҳ мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Меҳр”.
Ба иттилои ин расона ин маркази савдо дарвозаи Эрон барои ворид шудан ба бозори Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мешавад.
Гуфта мешавад, ки ин нахустин маркази тиҷории доимии эронӣ дар хориҷ аст. Он дар ҳамкорӣ бо Созмони мусоидат ба тиҷорати Эрон сохта шудааст.
Дар бино, ки дар масоҳати беш аз 18 ҳазор метри мураббаъ сохта шудааст, майдони намоишгоҳ бо 107 дукони фурӯш ҷойгир шудааст, ки тақрибан 10 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо маҳсулоти соҳаҳои гуногуни саноат намоиш дода мешавад. Илова бар ин, маркази савдо бо толори конфронс барои вохӯриҳои корӣ ва ҷойи баргузории чорабиниҳои мухталиф муҷаҳҳаз шудааст.
Муколамаи тиҷоратии ИИАО ва Эрон рӯзи 1 октябр баргузор мешавад
Дар маросими ифтитоҳи ин иншоот вазирони саноат ва иқтисоди ду кишвар ва раҳбарони бузургтарин корхонаҳои Эрон ширкат хоҳанд кард.
Маркази савдо инчунин маркетинг, логистика ва хизматрасониҳои ҳуқуқӣ пешниҳод хоҳад кард.
Интизор меравад, ки ин барои ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Эрон ва Арманистон ва кишварҳои ИИАО имкониятҳои нав фароҳам месозад.
ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Молдова, Куба ва Узбекистон мақоми нозир дода шуд.