ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар Осиёи Марказӣ бо назардошти он, ки ду кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ва сарватманди минтақа - Қазоқистон ва Узбекистон ба рушди энергетикаи ҳастаӣ рӯ оварданд, воқеан "табларзаи уран" оғоз шуд.
Сабаби асосӣ дар он аст, ки дар 5-6 соли охир истифодаи қувваи барқ дар минтақа якбора зиёд шуд. Бо рушди саноат ва бо сабаби тағйиротҳои иқлимӣ бо сардиҳои ғайримуқаррарӣ дар фасли зимистон ва гармиҳои дароз дар фасли тобистон, истеъмоли нерӯи барқ ба нишондиҳандаҳои рекордӣ расид ва хатари норасоии нерӯи барқро мисоли солҳои 1990 боз ба ёд овард.
Аз ин рӯ, Остона ва Тошканд гуфтушунидро бо "Росатом" оид ба сохтмони эҳтимолии нерӯгоҳҳои барқи ҳастаӣ ҳамчун манбаи иловагии мунтазами нерӯи барқ оғоз карданд. Музокирот ба зудӣ анҷом намеёбад, ҳукумати Қазоқистон дар аввали моҳи октябр раъйпурсии умумихалқӣ оид ба бунёди нахустин нерӯгоҳи ҳастаии кишварро баргузор мекунад ва мақомоти Узбекистон барои аз байн бурдани ҳама хатарҳои эҳтимолӣ таҷрибаи байналмилалиро омӯхта истодааст.
Бо вуҷуди ин, ҳатто гуфтушунидҳо Тошканд ва Остонаро барои рушди бахшҳои энергетикии иловагӣ ҳавасманд мекунанд. Хусусан дар бахши иктишоф, истихроҷ ва истеҳсоли манбаи асосӣ - сӯзишвории ҳастаӣ. Ҳамин тариқ, ягона корхонаи истихроҷи уран дар Узбекистон "Навоиуран" дар шаш моҳи соли 2024 истихроҷро ба 12,5% ва фоидаи ширкатро 55%, то 1,9 триллион сӯм афзоиш дод.
Тоҷикистон дар ин самт қафомонда аст. Бидуни маблағҳои кофии сармоявӣ ва хусусӣ, кишвар наметавонад истеҳсоли уранро пас аз пошхӯрии ИҶШС мустақилона рӯи кор орад. Аммо имкон дорад барои эҳёи ин соҳа бо ҳамсоягон дар минтақа муттаҳид шавад.
Ҳамин тавр, баъди сафари охирини Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Душанбе ва мулоқотҳо бо Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон ва Тоҷикистон оид ба истихроҷи муштараки уран созишнома имзо карданд. Созишнома байни ширкатҳои “Металлҳои Нодири Тоҷикистон” ва "Қазатомпром" онро дар назар дорад, ки ширкатҳо якҷоя ба иктишоф, истихроҷи уран ва дигар маъданҳои нодир ва ҳамчунин пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҷорӣ намудани технологияи навоварӣ ва омодагии мутахассисон машғул мешаванд.
Sputnik Тоҷикистон аз коршиносон оид ба дурнамои ин ҳамкорӣ барои Душанбе ва Остона пурсон шуд.
Дурнамо ва мушкилот
Ба фикри коршинос Владимир Пинаев, дотсенти Донишкадаи экологии Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Русия, узви Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати муҳити зисти Федератсияи Русия, ки аъзои ташкилоти давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ оид ба маърифати экологӣ мебошад, Тоҷикистон ба шарофати шартнома, метавонад дар баробари Қазоқистон, Узбекистон ва Русия иштирокчии назарраси бозори ҷаҳонии уран гардад.
"Ба захираҳои он дар саросари ҷаҳон, дар кишварҳое, ки технологияҳои энергетикаи ҳастаиро истифода мебаранд, талабот вуҷуд дорад. Маъданҳои истихроҷшуда ба бозори байналмилалӣ ворид мешаванд, ки барои рушди кишвар ва минтақа муҳим аст, истихроҷ ва коркард маблағҳои нави сармоягузориҳои иловагиро ҷалб мекунанд, ба ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд, омодагӣ ва таълими мутахасисонро метезонанд, ки ба афзоиши беҳбудии аҳолӣ таъсир мерасонад ", - гуфт Пинаев.
Тоҷикистон дар мавриди ҷанбаҳои амалии азхудкунии конҳо, дар даҳсолаҳои ахири ҳамкорӣ ҳам бо "Росатом" ва ҳам бо ҳамкасбон дар минтақа, ҳам дар тарбияи мутахассисон ва ҳам дар ҳалли мушкилоти соҳавӣ таҷрибаи назаррас касб кардааст, қайд мекунад сардабири маҷаллаи таҳлилии "Геоэнергетика" Борис Мартсинкевич.
Аммо, дар ин минтақа як қатор мушкилот мавҷуданд, ки ширкати "Металҳои нодири Тоҷикистон" бояд барои рушди истеҳсоли уран онҳоро ҳал кунад.
"Мушкилоти ташкилӣ пурзӯр намудани имкониятҳои мақомоти танзимкунандаро талаб мекунад, ки ягон мушкилоти экологӣ ба вуҷуд наояд, одатан дар чунин ҳолатҳо, корхонаи таҳиякунанда лоиҳаро пешниҳод мекунад, танзимгари давлатӣ ба он аз ҳар тараф баҳо медиҳад, чизеро ислоҳ мекунад, чизеро ворид мекунад. Баъдан дар аксарияти мутлақи мамлакатҳо бояд гуфтугуи оммавӣ барпо карда шавад, яъне ба аҳолӣ хабар дода мешавад, ки дар вақти истеҳсолот ягон мушкилот руй намедиҳад", — қайд мекунад Мартсинкевич.
Кислотаи сулфат дар ҳифзи муҳити зист
Мушкилоти таъсир ба муҳити зист ва одамон воқеан бузургтарин тарси сокинони Тоҷикистон аст. Танҳо соли гузашта "Росатом" ниҳоят бехатариро дар озмоишгоҳи кӯҳнаи шӯравӣ Табошар дар вилояти Суғдро, ки дар он даҳсолаҳо боз партовҳои хатарноки ҳастаӣ нигоҳ дошта мешуданд, таъмин кард.
Албатта, на мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва на сокинон пайдоиши мушкилоти радиоактивии навро дар қаламрави худ дар оянда намехоҳанд. Аммо, дар 30 соли охир тавассути навсозии корҳои иктишофӣ ва истихроҷи уран мушкилот қатъиян ҳал карда шуд, ки то ҳадди имкон онҳоро бехатар месозад. Мо технологияи ҷудосозии зеризаминиро дар назар дорем, ки дар Ӯзбекистон бомуваффақият озмуда шуд ва дер боз дар Қазоқистон истифода шудааст.
"Ва агар мо дар бораи "Казатомпром" сӯҳбат кунем, пас усули асосии он ҷудосозии зеризаминӣ аст. Кандани замин, чангу ғубор, ки метавонад зарраҳои радиоактивиро паҳн кунад, дар ин усул истисно карда мешаванд. Фақат майдонест, ки аз он лӯлаҳо мегузарад ва дар ҷое дар наздикии як истгоҳи обкашӣ ва чанд чоҳ маҳлули сусти кислотаи сулфат ворид ва кашида мешавад”, - шарҳ дод коршиноси Sputnik Тоҷикистон.
Воқеан, созишномаи Душанбеву Остона барои он зарур аст, ки корхонаи Қазоқистон манбаҳои нави ашёи хом меёбад ва корхонаи Тоҷикистон технологияҳои нави муосирро барои саноати худаш дарёфт мекунад.
Гашти муваффақи Тоҷикистон
Вазъияти ҷаҳонӣ дар бахши энергетика чунин ҳамкориро барои ҳарду кишвар хеле муфид месозад.
"Уран ба ҳама даркор аст. Ҳаҷми истеҳсоли ҷаҳонӣ ҳоло дар ҳудуди 50 ҳазор тонна дар як сол бо истеъмоли тақрибан 60 ҳазор тонна дар як сол аст. Ҳамаи захираҳое, ки дар рафти мусобиқаҳои гуногуни ҳастаӣ ва ғайра ҷамъ карда шудаанд, истифода бурда мешаванд. Яъне он чизе, ки барои сохтани силоҳи ҳастаӣ пешбинӣ шуда буд, ҳоло дар энергетикаи ҳастаӣ истифода мешавад. Дар баробари ин, шумораи блокҳои нав, ки дар ҳоли ҳозир сохта мешаванд, аллакай беш аз 50 ададро ташкил медиҳад ва маълум аст, ки шумораи онҳо танҳо афзоиш хоҳад ёфт", - қайд мекунад Борис Мартсинкевич.
Ба гуфтаи вай, ҳатто Аврупо, бо рад кардани нерӯгоҳи ҳастаӣ, мекӯшад, ки пас аз таваққуфи 40-50-сола ба ин технология баргардад. Аммо мисоли аҷибе Хитой аст, ки дар он қариб 30 воҳид блокҳои атомӣ ҳоло сохта мешаванд ва Ҳиндустон, ки дар он ҷо 12 блоки нав сохта мешавад.
Вазъият инчунин бар асари вазъияти мураккаб дар Африқо, ки дар баробари Осиёи Марказӣ яке аз марказҳои истихроҷи уран ҳисоб меёбад, боз ҳам тезутунд мешавад. Соли 2024 Нигер ширкати фаронсавии "Arana Mining"-ро аз кишвараш ихроҷ кард, на он қадар ба хотири сиёсат, балки барои он ки фаронсавиён дар тӯли 5 сол натавонистаанд ба истихроҷи конҳои нав шурӯъ кунанд.
"Ба ин хотир, камчинӣ вуҷуд дорад ва арзиши он афзоиш меёбад - мо инро дар нархҳои уран дар биржаҳои ҷаҳонӣ мебинем, агар чанд сол пеш як фунт уран, дурусттараш, маъдани уран бо оксид тақрибан 30-35 доллар арзиш дошт, ҳоло зиёда аз 80 доллар зиёд аст. Давоми ду сол, қариб се баробар афзоиш ёфтаст. Ва агар Қазоқистон дар давоми 10 сол бо нархҳо мубориза мебурд ва аз ин наҷот меёфт, Тоҷикистон ин мушкилотро надошт. Агар кишвар ба ин соҳа ворид шавад ин аз нуқтаи назари бозор хеле саривақтӣ хоҳад буд", - қайд мекунад сармуҳаррири "Геоэнергетика".