Тасмими Тоҷикистон дар бораи хариди нафти хом аз Эрон

Вазоратҳои энержии Тоҷикистону Эрон дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишварро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Дар шаҳри Теҳрон мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири навтаъйини неруи Эрон Аббос Алиабодӣ сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва аҳамияти Неругоҳи барқи обии "Роғун" барои минтақа баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар мулоқот лоиҳаи "Азнавпайвастшавии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ", тарҳи минтақавии "САSA-1000", инчунин интиқоли нафти хом барои эҳтиёҷоти корхонаҳои коркарди нафти Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Далер Ҷумъа ва Аббос Алиабодӣ ҳамраисони Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мебошанд.
Пизишкиён ба Раҳмон гуфт, Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷии Эрон аст
Аз ин рӯ, дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон матраҳ гардид.
Дар ин мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки савдои хориҷӣ байни ду давлати дӯст тавсеа ёфта, ба сатҳи нав мебарояд.
Ёдовар мешавем, ки Шурӯъ аз 10 августи соли равон Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор мегирад.
Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.