Рубл ҳафтаро дар Тоҷикистон бо каме болоравӣ оғоз кард

Бонки миллии Тоҷикистон қимати се асъори маъмул - рубл, доллар ва евроро, ки серистеъмоланд дар бозори нақдию ғайринақдии ҷумҳурӣ эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Арзиши пули Русия дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ каме гаронтар шудааст.
Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 114,5 сомонӣ аст.
Ин нишондиҳанда дар қиболи додаҳои охири ҳафтаи қаблӣ 0,3 сомонӣ бештар аст.
Аммо қимати пули амрикоӣ бошад, ҳафтаро бо коҳиш оғоз кард. Ҳоло як доллари ИМА ба 10.6514 сомонӣ баробар шудаст.
Пули аврупоӣ ҳам арзонтар шуда, ба иттилои БМТ дар бозори ғайринақдӣ як евро - 11. 8848 сомонӣ муомилот мешавад. Ин нишондиҳанда ду рӯз қабл ба 11. 8919 сомонӣ баробар буд.
БМТ гуфт, доллар дар қиболи сомонӣ марҳилаи беқурбшавиро аз сар мегузаронад
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.6514 то 10.6700, як евро 11.8848 то 11.6000 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 114,5 то 115 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.