ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал иштирокашро дар Чемпионати ҷаҳон-2024 ба анҷом расонид.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар бозии сеюмаш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2024 дар Узбекистон аз тими миллии Панама бо ҳисоби 3:8 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуд.
Қаблан дар ду даври аввали Ҷоми ҷаҳон-2024 дастаи Пайрав Воҳидов аз тимҳои Марокаш (2:4) ва Португалия (2:3) шикаст хӯрда буд.
Ба ин тартиб, футзалбозони тоҷик, ки бори аввал дар қаҳрамонии ҷаҳон иштирок карданд, дар ҳарсе бозӣ шикаст хӯрданд.
Ёдовар мешавем, ки ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов, дар Ҷоми ҷаҳон-2024 чордаҳ нафар – 2 дарвозабон ва 12 бозигар – шомил буданд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2024, ки дар Узбекистон то6-уми октябр идома хоҳад кард, мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи "Е" шомил буд.
Рақибони футзалбозони тоҷик тимҳои миллии Марокаш, Португалия ва Панама буданд.
Ба плей-офф ду дастаи зӯртарин аз ҳар гурӯҳ роҳ меёбанд. Инчунин ба 1/8 финал чаҳор дастаи нишондодҳояшон беҳтари ҷойҳои сеюм дар гурӯҳҳо роҳ пайдо мекунанд. Марҳилаи гурӯҳӣ як ҳафта –то 22-юми сентябр - идома меёбад. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳила ҳашт даста мусобиқотро тарк мекунад.