Маълум шуд, ки дар ИИАО саноати кӣ пештар рушд мекунад

Таҳлилгарони ИИАО бузургтарин афзоиши тавлидоти саноатиро дар давраи аз январ то июли соли 2024 дар яке аз кишварҳои иттиҳод сабт карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт.
Дар ин бора дар гузорише, ки бар асоси маълумоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё таҳия шудааст, гуфта мешавад.
Ҳамин тариқ, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ин нишондод нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2023 4,8% афзоиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки афзоиши нишондиҳандаҳо якбора дар ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда мушоҳида шудааст.
Дар кишварҳои ИИАО роуминг аз байн меравад
Миёни кишварҳои узви созмон Арманистон болотарин нишондиҳандаро дорад. Афзоиши маҳсулоти саноатӣ дар ин кишвар 18,2% афзудааст, ки беназир аст.
Дар Қирғизистон ҳаҷми маҳсулоти саноат 1, дар Белоруссия — 7,1%, дар Русия — 4,4%, дар Қазоқистон — 2,8% афзуд.
Тиҷорати мутақобилаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ду баробар афзуд.
Дар тӯли 10 соли мавҷудияти иттиҳод гардиши молии кишварҳои ширкаткунанда аз 3,9 то ба 7,4 триллион рубл расид.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2023 афзоиши ММД 3,8%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ММД-и ҷаҳонӣ зиёдтар аст.