ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Исроил кайҳо боз як ҷанги бузургро дар Ховари Миёна таҳрик медиҳад, дар пасманзари наслкушии ёздаҳмоҳа дар Ғазза эрониҳоро дар Сурия ва раҳбари Ҳамоси фаластиниро дар Теҳрон мекушад ва ошкоро ба ҳамла ба Лубнон омодагӣ мегирад. менависад мухбири РИА Новости.
Ҳадафи Нетаняҳу равшан аст, вай мехоҳад Иёлоти Муттаҳидаро ба ҷанги бузург дар Ховари Миёна кашад ва даргирии мустақими Амрикову Эронро барангезад.
То ҳол ноком буд, роҳбарияти ИМА қатъиян таркиши минтақаро намехоҳад, на аз он сабаб, ки сулҳхоҳ аст, балки аз лиҳози андешаи хунсардона, ки дар натиҷаи ҷанги васемиқёс на танҳо дарёҳои хун ҷорӣ хоҳанд шуд, балки мавқеи бе ин ҳам сустшудааш боз ҳам заифтар мешавад.
Аммо рузи сешанбе иғвогариҳои исроилӣ ба сатҳи нав расид, ҳуҷуми азими террористӣ ба Лубнон ташкил карда шуд. Исроил чанд ҳазор пейҷереро тарконд, ки аъзои созмони шиъаи “Ҳизбуллоҳ” истифода мекарданд.
Инҳо террорист нестанд, чунон ки Исроил ва Ғарб ҳамаро итминон медиҳанд. Ин созмонест, ки шиъаҳои Лубнон дар посух ба таҷовузи батакрори Исроил ба Лубнон (охиринаш дар соли 2006, то ин дам аз соли 1982 то 2000 вақте Исроил ҷануби Лубнонро ишғол карда буд) ва суқути давлати Лубнон аст.
Ҳудуди се миллионро дар Лубнон (аз ҳафт миллион аҳолии ин кишвар) шиъаён ташкил медиҳанд ва аксари кулли онҳо аз “Ҳизбуллоҳ”, ки як сохтори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва низомӣ аст, пуштибонӣ мекунанд.
Тақрибан чор ҳазор захмӣ, чаҳорсад нафари онҳо хеле вазнин ва беш аз даҳ нафар кушташуда натиҷаи ин ҳамлаи нави террористӣ дар амалияи ҷаҳонӣ аст.
Пейҷерҳо аз ҷониби “Ҳизбуллоҳ” пас аз манъи телефонҳои мобилӣ, ки исроилиён тавассути онҳо макони ҷангиён ва раҳбарони созмонро муайян карда, зарбаҳои мушакӣ мезаданд, мавриди истифода царор гирифтанд. Талошҳо барои амният ба истихбороти Исроил имкон дод, ки ҳамлаи террористиро омода созад, пейҷерҳои тайванӣ тибқи иҷозатнома дар Маҷористон истеҳсол карда шуданд.
Маҳз дар он ҷо ва ё баъди ба Лубнон расонданашон ҷосусони исроилӣ дар онҳо кариб 20 грамм маводи тарканда ба ҷо карданд, ки баъдан бо паёми махсусе, ки ба ҳар як дастгоҳ фиристода мешавад, фаъол мешуд. Рӯзи чоршанбе ҳамла идома ёфт, беш аз ҳазор ратсия, телефонҳои мобилӣ ва ҳатто ноутбукҳо тарконида шуданд.
Исроил, албатта, расман масъулияти ҳамлаи террористиро ба дӯш намегирад, ҳарчанд ба муаллифии он шубҳа нест. На танҳо аз он сабаб, ки ин ба манфиати Исроил аст (чунон ки Нетаняҳу инро мефаҳмад), балки инчунин аз он сабаб, ки исроилиён тӯли даҳсолаҳо бо истифода аз дастгоҳҳои иртиботӣ ҳамлаҳои террористӣ анҷом медиҳанд.
Телефонӣ миникоришуда барои куштани раҳбарони Фаластин на як бор истифода шуда буданд, аммо амали кунунӣ на танҳо бо миқёси худ, балки бо бераҳмии комилаш низ фарқ мекунад. Исроил мехоҳад “Ҳизбуллоҳ” - ро ба ҳуҷум таҳрик диҳад, то тавассути он Эронро ба ҷанг кашад, ки аз нигоҳи исроилиён ба Амрико низ имкони дар канор монданро намегузорад.
Оё амрикоиҳо дар бораи ҳамлаи террористии дарпешистода медонистанд? Ба таври расмӣ, албатта, касе онҳоро огоҳ накардааст, гарчанде хабарҳое хастанд, ки духтурони амрикоие, ки дар беморхонаи Бейрут кор мекарданд, чанд руз пеш пейҷерхои худро партофтаанд.
Котиби давлатии ИМА Блинкен аллакай гуфта буд, ки Вашингтон "дар таркишҳои пейҷерҳо даст надорад" ва аз ташдиди минбаъдаи вазъ ҳушдор дод. Маъмурияти Амрико ба барангехтани ҷанги бузурги минтақавӣ манфиатдор нест ва ин раднопазир аст, аммо бовар кардан ғайриимкон аст, ки онҳо дар ҳамлаи террористӣ даст надоранд.
Ҳамоҳангӣ ва муттаҳидии хадамоти иктишофии Амрико ва Исроил ба дараҷае бузург аст, ки Иёлоти Муттаҳида, ҳадди аққал, бояд дар бораи зарбаи дар пешистода огоҳ буд. Ақидае, ки думи "исроилӣ" аксар вақт саги "амрикоиро" меҷунбонад, хеле маъмул, аммо комилан нодуруст аст.
Ин ақоид ба амрикоиён барои он лозим аст, ки аз масъулияти кирдорҳои роҳбарияти Исроил, ки дар ҳақиқат "тамоман сару калобаашро гум кардааст", озод бошад, на чизи дигар. Ҳамон тавре, ки амрикоиҳо аз аксари ҳамлаҳои террористии украинӣ - аз таркиши Маҷрои Шимолӣ то куштори Даря Дугина огоҳ буданд.
Амрико давлатҳои террористиро на танҳо аз он сабаб дар паноҳ мегирад, ки худаш чунин аст, балки барои он, ки бовар дорад, ки муваффақияти онҳо ба манфиати Амрико кор мекунад. Дуруст аст, ки дар ҳарду ҳолат - ҳам исроилӣ ва ҳам украинӣ - марҳилае расидааст, ки ҳамлаҳои террористӣ ба натиҷаҳои комилан муқобил оварда мерасонанд. На танҳо обрӯи ӯро хароб кард (ҳатто дар байни онҳое, ки ҳанӯз ҳам бовар надоштанд), балки ба амнияташ низ зарари стратегӣ меорад.
Бо анҷом додани ҳамлаҳои мушакӣ ба кишварҳои дигар, куштори сиёсатмадорон ва олимон, минакорӣ кардани пейҷерҳо барои куштани шаҳрвандони Лубнон, ба таври мунтазам нобуд кардани аҳолӣ ва тамоми инфрасохтори Ғазза, Исроил ба муваффақиятҳои тактикӣ ноил мешавад, аммо ба таври стратегӣ худро ба зарбаҳои ҷавобӣ маҳкум мекунад, ки ҳеҷ гуна фишанги боздоранда нахоҳад дошт.
Ва мо на дар бораи ҳамлаи дарпешистодаи Эрон (ки ҳамчун қасос барои куштори раҳбари Ҳамос Исмоил Ҳания дар Теҳрон эълон шуда буд), на дар бораи вокунишҳои эҳтимолии “Ҳизбуллоҳ” ё фаластиниҳо дар Ғазза ва соҳили ғарбии дарёи Иордан сухан мекунем. Балки дар бораи он, ки дар вазъияти мушаххаси Шарқи Наздик Исроил сиёсати худкуширо пеш гирифтааст: бо роҳи душман эълон кардани ҳамаи ҳамсояҳо, бо ҳар роҳ шикастани азму иродаи онҳо барои муқовимат ва ё аз ҷиҳати ҷисмонӣ несту нобуд кардани онҳо, ғалаба кардан номумкин аст.
Дар ин ҷо фақат бохт мунтазирашон аст, бохти таърихӣ ва фалокатбор.