ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ғарб ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун майдони озмоишҳо менигарад гуфт, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Дар Украина 2,5 сол пеш лабораторияҳои биологӣ кашф карда шуданд. Маълум шуд, ки коллективи Ғарб кӯшиш кардааст, ки берун аз қонун таҷрибаҳои биологӣ гузаронад. Дар фазои пасошӯравӣ низ чунин ҳадафро доранд”,- таъкид кард ӯ.
Хонум Захарова қайд кард, ки кишварҳои собик Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Миёна дорои захираҳои бой мебошанд. Аз ин рӯ, Ғарб талош дорад, ки таҳаввулоти тамаддунро аз байн бубарад барад то ба ин сарватҳо дастрасӣ пайдо кунад.
Қаблан Мария Захарова гуфта буд, ки Амрико талош дорад кишварҳои Осиёи Марказиро ба худ ҷалб намояд.
"Мо талоши Иёлоти Муттаҳида барои пайдокардани ҷойгоҳи худ дар Осиёи Марказиро мушоҳида дорем. Онҳо кишварҳои минтақаро ба риояи таҳримҳои ғайриқонунии худ алайҳи кишвари мо ташвиқ доранд", - қайд кард намояндаи расмии ВУХ Русия.
Захарова қайд карда буд, ки Русия "сафарҳои зиёди эмиссарҳои ИМА-ро сабт кардааст", ки онҳо "бо ваъдаи кӯмак дар гӯё "лоиҳаҳои оянда" саховатманданд.
"Айбномаи зидди Русия барои мо равшан аст" қайд кард хонум Захарова.
Вай афзуд, ки таҷрибаи демократикунонӣ, ки Вашингтон, ки барои он ҳеҷ маблағеро дареғ намедоранд, заминаи инқилобҳои рангаро омода мекунад.