Тоҷикистон аз Корпоратсияи исломӣ маблағгузории маҳсулоти ҳалол дар ҷумҳуриро хост

Мақомоти Тоҷикистон аз Корпоратсияи исломӣ (ITFC) дархост кард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ маблағгузориро зиёд намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) Назим Нордали омодагии худро ҷиҳати сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.
Тавре дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода бо Директори асосии амалиёти Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) Назим Нордалӣ баррасӣ шуд.
Вазири тоҷик ҳамчунин масъалаи маблағгузории нерӯгоҳҳои обию офтобиро ба миён гузошт.
Таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо, сайёҳӣ ва бонкдорӣ аз самтҳои дигари афзалиятноки ҳамкорӣ дониста шуд.
Вазири иқтисод: даромади тоҷикистониҳо 113 баробар зиёд шуд
Директори асосии амалиёти Корпоратсия ҷаноби Назим Нордали омодагии худро ҷиҳати сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида, инчунин густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.
Вазорат қайд кардааст, ки то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 182 млн. доллар дар Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 млн. доллар амалӣ мегардад.