Раҳмон ба зодгоҳаш рафт: Ифтитоҳи чанд иншоот дар Данғара

Раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 19 сентябр ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе ба ноҳияи Данғара сафар карда дар ифтитоҳ ва санги асос гузоштани чанд иншоот иштирок кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сент – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Данғара сафар карда, нахуст бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмони бинои Маркази ҷавонон дар ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар замони соҳибистиқлолӣ дар 7 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон биноҳои марказҳои ҷавонон аз нав сохта шудааст. Иншооти соҳаи ҷавонон ва варзиш то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта хоҳад шуд.
Сипас Президенти Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе дар маросими гузоштани санги асос ба сохтмони бинои 3 ошёнаи Муассисаи давлатии "Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара" иштирок намуданд.
Қайд карда шудааст, ки театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии ноҳияи Данғара бо услуби хоси меъмории миллӣ бунёд шуда, ба ҳама талаботи муосири театрсозии ҷаҳонӣ мутобиқ хоҳад буд.
Раҳмон таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳонро муҳим донист
Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон, дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоеваи маркази ноҳияи Данғара баъд аз шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои оғози корҳои сохтмонии он санги асос гузоштанд.
Иншооти мактаб барои 3100 хонанда пурра аз ҳисоби сокинони ноҳия, аз ҷумла, соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад ва то соли таҳсили 2026-2027 ба анҷом расонида хоҳад шуд.
Худи ҳамон рӯз роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корези ноҳияи Данғара барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санги асос гузоштанд.
Бинои нави соҳаи маориф, ки барои 2160 хонанда аз ҷониби соҳибкорони ноҳия ва аҳолии деҳоти мазкур рӯйи даст гирифта шудааст. Ин иншоот то моҳи сентябри соли 2026 ба истифода дода мешавад.
Сипас дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Президенти ва Раиси шаҳри Душанбе бо рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Муосир" шинос шуданд.
Дар ин ҷо нахуст ба Роҳбари давлат лоиҳаи марҳилаи навбатии корхонаи саноатӣ муаррифӣ гардид.
Раҳмон дар Лахш: Ифтитоҳи чанд иншооти муҳим дар ин минтақа
Дар марҳилаи дуюм тибқи лоиҳа бунёду ба истифодадиҳии 10 бинои истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, бо ин ҳаҷми истеҳсол ва номгӯи маҳсулоти корхона давра ба давра афзоиш дода мешавад.
Марҳилаи навбатии лоиҳаи бунёди корхонаи мазкур бо ҷалби сармоягузории Тоҷикистону Чин амалӣ карда мешавад.
Дар корхонаи мазкур беш аз 20 намуд таҷҳизоти муосир насб шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 20 ҳазор тонна маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад.
Инчунин Президенти Тоҷикистон, пас аз ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара, бинои Муассисаи томактабии "Ворисон"-ро мавриди истифода қарор дод.
Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати зиёда аз 1 гектар, бунёд ёфтааст.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-ро дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи нави дуошёнаи таълимӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ дар муҳлати 8 моҳ бунёд ёфта, дар он 2160 хонанда дар ду баст метавонанд таҳсил намоянд.