ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Масъулини вазорати нақлиёти кишвар дар як ҷамъомад бахшида ба Рӯзи роҳсозон хабар доданд, ки дар замони соҳибистиқлолии давлат зиёда аз 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки иншооти сохташуда Тоҷикситонро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайваст намудааст.
“То ба имрӯз бо ҷаҳду талош ва дастгирию кумаки ҳамарӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Шарикони Рушд аз ҷониби Вазорати нақлиёт лоиҳаҳои кумаки техникӣ амалӣ ва ба муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ техникаю таҷҳизоти пуриқтидору замонавӣ дастрас гардидаанд”, - қайд кардааст вазорати нақлиёт.
Ҳамзамон қад карда шудааст, ки роҳҳо ва пулҳои сохташуда барои барқарор ва мустаҳакам намудани ваҳдату якпорчагии тамоми минтақаҳои кишвар нақши калидӣ мебозанд.
Зикр карда шуд, ки солҳои охир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза гирифта, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ҳазорҳо километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида, бунёду азнавсозии пулҳои зиёд ба анҷом расидааст.
“Роҳсозону роҳдорон тасмими гирифтаем, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ – шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем”, қайд кардааст вазорати нақлиёт.
Вазорати нақлиёт хабар додааст, ки ҳамаи роҳҳои дар тавозуни Вазорат қарордошта 14314 километрро ташкил дода, аз онҳо 3383,5 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 2184 км роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 8746,5 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.