Тоҷикону ислом ё пушти сиёсатҳои динии Душанбе

Дар пойтахти Тоҷикистон як конфронси байнулмилалӣ дар робита ба нақши тоҷикон дар фарҳангу тамаддуни исломӣ баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен – Sputnik. Зоҳиран, ин як гуна посухи Тоҷикистон ба таблиғоти гуруҳҳои ифротиву террористӣ ва расонаҳои ғарбӣ алайҳи ин кишвар талаққӣ метавон шавад, ки гӯё арзишҳои исломиро нодида мегирад ва мусулмононро таҳти фишор қарор медиҳад.
Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар расми ифтитоҳи ин конфронси байнулмилалӣ гуфт, Тоҷикистон ҷузъи ҷудоинопазири ҷаҳони ислом буда, ба ғояҳо ва арзишҳои волои исломӣ, ки мабнои онро инсонпарварӣ, адолат, илму маърифат ва нексириштиву некпиндорӣ ташкил медиҳад, арҷ мегузорад ва дар баробари ин узви фаъолу таъсиргузори Созмони ҳамкории исломӣ мебошад.
“Таърих гувоҳ аст, ки фарзандони нобиға ва фарзонаи миллати фарҳангсолори тоҷик тӯли беш аз 13 аср дар раванди ташаккулёбӣ ва рушду густариши фарҳангу тамаддуни исломӣ саҳми арзанда гузоштанду то ба имрӯз мегузоранд. Дар байни халқҳои мусулмон ҳамчун имомони ҳидоятпеша, олимони барҷаста ва мутафаккирони равшанзамир ном баровардаанд. Хидматҳои мондагор ва осори безаволи онҳо на танҳо ба нафъи уммати ислом равона шудааст, балки барои пешрафту рифоҳи башарият хидмат низ мекунад”, - гуфт Фаррух Шарифзода.
Конфронси байнулмилалӣ, ки таҳти унвони “Нақши олимон ва мутафаккирони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ” дар меҳмонхонаи “Кангурт” – и шаҳри Душанбе баргузор шуд, ду рӯз идома дошт.
Раҳмон таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳонро муҳим донист
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ин конфронс ба хотири бузургдошти он бузургоне баргузор мегардад, ки нури илму маърифатро дар пояи ақида ва андешаҳои ноби дини мубини ислом аз ҳавзаҳои илмию фарҳангии минтақаҳои зархези Мовароуннаҳру Хуросон ба тамоми ҷаҳон интишор доданд ва башариятро аз зулмати ҷаҳл раҳо бахшиданд.
“Мо, тоҷикон, ифтихор аз он мекунем, ки маҳз аз миёни мардуми илмпарвар ва тамаддунсолори мо олиму фақеҳи забардасте ба номи Имом Абуҳанифа бархестааст, ки дар байни имомон аз фуқаҳои ислом ҳамчун Имоми Аъзам шинохта мешавад ва садҳо миллион мусулмон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз мазҳаби фиқҳии ӯ пайравӣ мекунанд. Шахсияти барҷастаи дигар Имом Бухорӣ мебошад, ки шоҳасари безаволи ӯ “Алҷомеъ Алсаҳеҳ” муътамадтарин китоби мусулмонон пас аз Қуръони Карим ба шумор меравад”, - гуфт Фаррух Шарифзода.
Дар конфронси байнулмилалӣ, ки бо ибтикори вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ баргузор шуд, ба ҷуз олимон, донишмандон ва муҳаққиқони саршиноси тоҷик, ҳамтоёни онҳо аз Арабистони Саудӣ, Эрон, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Миср, Кувайт, Афғонистон, Малайзия, Ӯзбекистон ва созмонҳои байнулмилалие, назири Маркази пажӯҳишии таърих, ҳунар ва фарҳанги ислом (IRCICA) дар умум ҳудуди 50 нафар ширкат доштанд.
Онҳо аз саҳми тоҷикон на танҳо дар рушди улуми динӣ, аз қабили ақида, фиқҳ, тафсир ва ҳадис, балки дар ташаккул ва пешрафти улуми дунявиву дақиқ, ба монанди тиб, ҳандаса, риёзиёт, табиатшиносӣ, ситорашиносӣ, физика, химия ва ғайра низ суҳбат карда, аз ҷумла ба кору фаъолияти шахсиятҳои ҷаҳоние, назири Абуалӣ ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад Хоразмӣ ва дигарон низ пардохтанд.
Нуктаи ҷолибе, ки зикр шуд, ин буд, ки дар ҳофизаи таърихи тамаддуни исломӣ донишмандони тоҷик ҳатто дар риштаҳои илми забони арабӣ, назири сарфу наҳв, арӯз, балоға ва мантиқ, низ пешдаст буданд.
Аз дербоз сари мансубияти миллии шахсиятҳои таърихии ислом миёни кишварҳои давру бар баҳсу баррасиҳо сурат мегиранд, ки кадоме мутааллиқи кадом кишвар аст.
Вокуниши сафорати Русия дар Душанбе вобаста ба ҳамла ба муфтии Тоҷикистон
Авод Аназӣ, муовини вазири умури исломӣ, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ, зимни суханронӣ гуфт, Имом Абуҳанифа, машҳур ба Имоми Аъзам ва Имом Бухорӣ ҳарду тоҷик ҳастанд.
“Ин шахсиятҳои бузурги таърихи ислом барои густариши ақидаҳои Пайғамбари ислом (с) ва ахлоқи ноби муҳаммадӣ ба саросари ҷаҳон саҳми беназир доранд. Он чӣ онҳо 1400 сол пеш анҷом доданд, имрӯз ҳам барои иттиҳоди ҷаҳони ислом хизмат мекунад”, - гуфт Авод Аназӣ.
Дар ҳамин ҳол, конфронси байнулмилалӣ ва он ҳам дар мавзуъи саҳми тоҷикон дар тамаддуну фарҳанги исломӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки беш аз даҳ сол ба ин сӯ гуруҳҳои ифротиву террористӣ ва расонаҳои ғарбӣ алайҳи Тоҷикистон як маъракаи густардае ба роҳ андохта, ҳукумати ин кишварро ба зудудани арзишҳои исломӣ ва фишор ба мусулмонон муттаҳам мекунанд.
Интиқодҳои гуруҳҳои тундраву террористӣ, бахусус, дар пайи тасвиби қавонин “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” (2007) ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (2011) садо доданду медиҳанд, ки бо ин қавонин, ҳукумати Тоҷикистон бархе маросим ва ҳам фаъолиятҳои динӣ, аз ҷумла маъракаҳои пурхарҷ, рафтани ноболиғон ба масҷид ва ҳиҷобу сатри бегонаро маҳдуд ва манъ кардааст.
Фарид Юнус, профессори муқими Амрико ва яке аз муҳаққиқони барҷастаи исломи муосир, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавқифи Тоҷикистон бисёр одилона ва комилан ба ҳифзи мазҳаби ҳанафӣ нигаронида шудааст.
“Бо даст ёфтани Тоҷикистон ба истиқлолият мазоҳиби мухталифи бегона, ки аз сӯи истихбороти минтақаву ҷаҳон савқ меёфтанд, ба фазои динии ин кишвар ворид карда шуданд. Ин айни таҷрибаи Афғонистон буд, ки аз ин роҳ яке аз авомили муҳимми ҷанги қариб нимасраро фаъол сохтанд. Ҳукумати Тоҷикистон тавонист ин равандҳоро ба танзим дарорад ва кишварро аз табдил ёфтан ба арсаи ҷанги мазоҳиб наҷот диҳад”, - гуфт Фарид Юнус.
Мусалмонони Русия ҳамла ба муфтии Тоҷикистонро маҳкум карданд
Вай афзуд, масалан, мавзуъи ҳиҷобро гуруҳҳои тундрав бидуни далели динӣ вижа месозанд, дар ҳоле ки ҳиҷоб рукни имон ва як юниформа нест, ки ҳама як навъ ё як ранг либос бипӯшанд.
“Либосҳои тоҷикӣ мутлақ исломӣ аст ва мардуму давлати Тоҷикистон набояд ба проектҳои ваҳҳобиву салафӣ, девбандиву ихвонӣ ва ғайра сар хам кунанд. Мутаассифона, бо истифода аз ҷаҳли мусулмонон истихбороти хориҷӣ ақидаи диниро низ ба як абзори густариши нуфузи худ табдил додаанд. Ҳол ихтилофҳои мазҳабӣ дар олами ислом ва ҳам истифодаи аъзои гуруҳҳои террористӣ алайҳи рақибони геополитикӣ намунаҳои барҷастаи ин сиёсатҳо ба шумор меоянд”, - гуфт Фарид Юнус.
Ин муҳаққиқи маъруфи ислом баргузории конфронси байнулмилалӣ дар мавзуъи саҳми тоҷикон дар фарҳангу тамаддуни исломиро гоми муҳим арзёбӣ карда, гуфт, барои Тоҷикистон хеле муҳим аст ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ин паёмро бифиристад, ки ҳар коре мекунад, ба хотири ҳаросат аз исломи ноб ва мухолифат бо исломи тундравест, ки тӯли 50 соли ахир истихбороти Ғарб мехоҳанд дар ҷавомеъи Осиёи Марказӣ ҷойгузин кунанд.