Притчин: Ба Олмон Осиёи Марказӣ барои чӣ лозим аст? – видео

Яке аз ҳадафҳои аслии дипломатияи Олмон нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ ин коҳиш додани ҳамкориҳои ин кишварҳо бо Русия аст
Sputnik
Ин пеш аз хама ба иктисодиёти бузурги Узбекистон ва Казокистон рабт дорад.
Дар ин бора мудири бахши Осиёи Марказии ИМЭМО Академияи илмҳои Русия Станислав Притчин изҳор дошт.
Дар ҳамин ҳол, Олмон дар навбати худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чизе пешниҳод намекунад.
"Агар мо ба рӯйхати лоиҳаҳо, меморандумҳо, ҳуҷҷатҳои байнидавлатие, ки ба имзо расидаанд, назар андозем, онҳо, аслан, ҳеҷ чизи ҷиддиеро дар назар надоранд, онҳо ҳатто он саҳмеро, ки Русия дар марҳилаи кунунӣ мегузорад дар рушди Узбекистон аз ҳисоби сармоягузорӣ, тавассути кушодани лоиҳаҳои технологӣ, донишгоҳҳо, тавассути гардиши густурдаи мол, ки ҳоло мушоҳида мешавад наметавонанд иваз намоянд", - гуфт ӯ.
Раҳмон таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳонро муҳим донист
Ба эътиқоди коршинос, вазни сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар назди Олмон камтар аст.
Бинобар ин аксари барномаҳои муштарак таъсири воқеӣ надоранд.
Бо вуҷуди ин, барои Шолтс муҳим аст, ки дар таҷрибаи худ баъзе ташаббусҳои ҷиддӣ дошта бошанд.
Раҳмон вориди Остона шуд
"Онҳо нишон медоданд, ки ӯ ҳамчун роҳбар метавонад бо кишварҳои дур, масалан дар Осиёи Марказӣ лоиҳаҳои бузургеро амалӣ созад", - шарҳ дод Притчин.
Ёдовар мешавем, ки дар Остона нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон баргузор шуд.