Раҳмон вориди Остона шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Остонаи Қазоқистон барои иштирок дар Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон сафар кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом истиқбол гирифтанд.
Қайд карда шудааст, ки ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф оростанд.
Бояд қайд кард, ки Дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Раҳмон аз ҷаҳон даъват кард, ки ба масъалаи норасоии об аҳамияти ҷиддӣ диҳанд
Тибқи маълумоти ахир Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.