ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Маршал Абдулрашид Дӯстум, раҳбари ҳизби Ҷунбиши исломии Афғонистон дар нишасти онлайнии Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷот Афғонистон гуфт, ки ин шӯро бояд дар баробари ҳукумати сарпарасти толибон* як ҳукумат дар табъид ташкил диҳад, иттилоъ додааст “Радио дарӣ”.
“Раҳбари ин ҳукумат бояд касе бошад, ки битавонад посухи Ҳибатуллоҳ Охундзода раҳбари толибонро бидиҳад”, - афзуд ӯ.
Раҳбари ҳизби ҷунбиши исломии Афғонистон бо баёни инки толибон*аз тариқи як муомила бар Афғонистони мусаллат шудааст, муддаи шуд, умри ҳокимияти ин гуруҳ кӯтоҳ аст.
Дӯстам бо ишора ба ихтилофот миёни гуруҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ изҳор кард, ки бояд аз таъриху гузаштаҳо биомузем то дигар он иштибоҳотро такрор накунем.
“Якдигарро бипазирем ва қабул кунем, ки дар гузашта сиёсати мо иштибоҳ будааст”, - таъкид кард Дӯстум.
Вай илова кард, яккатозӣ ба нафъи ҳеҷ кас нест раҳбарон ва сиёсатмадорони мухолифи толибон* бояд ба мардум итминон бидиҳанд, ки муттаҳид ҳастанд.
Муҳаммадюнс Қонунӣ аз аъзои барҷастаи ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон низ дар ин нишаст иддао кард, ки тарҳи ташкили як ҳукумати бурунмарзии имрӯз дар бештари маҳофили байналмилалӣ матраҳ аст ва нишонгари убури кишварҳо аз таъомули тактикӣ бо толибон ба тақобули роҳбурдӣ бо ин гурӯҳ аст.
Вай бо баёни ин ки тафаккури толибон* на барои мардуми мо ва на барои дунёи қобил қабуласт муддаӣ шуд, ки идеологияи ҳоким бар Афғонистон ба дунё паёми сулҳ ва ҳамзистии мусолиматомез мухобира намекунад, балки амнияти дунё ва минтақаро таҳдид мекунад ва ба ҳамин далел дер ё зуд толибон* маҳкум ба шикаст ҳастанд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.