ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар сурате, ки ба Украина иҷозати истифодаи силоҳҳои дурпарвозро иҷоза диҳад, бо Русия муноқишаи мустақими низомиро оғоз мекунад.
Дар ин бора намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя хабар дод.
"Чунин рушди эҳтимолии вазъ муносибатҳои моро бо лагери Ғарбӣ ба куллӣ тағйир медиҳад, агар қарор дар бораи лағви маҳдудиятҳо воқеан қабул шавад ё иҷоза шавад, ин маънои онро дорад, ки кишварҳои НАТО аз ҳоло ба ҷанги мустақим бо Русия шурӯъ мекунанд",- гуфт Небензя дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ гуфт .
Вай диққати махсусро ба он ҷалб намуд, ки дар чунин сурат Русия маҷбур мешавад, ки қарори дахлдор қабул кунад, ки ин барои таҷовузкорон дар Ғарб оқибатҳо хохад дошт.
"Ҳамкорони ғарбии мо дигар наметавонанд аз масъулият канорагирӣ кунанд ва тамоми айбро ба дӯши Киев бор кунанд",- гуфт ӯ.
Намояндаи доимии Федератсияи Русия афзуд, ки истифодаи чунин силоҳ танҳо дар сурати дастрасӣ ба маълумоти иктишофӣ аз моҳвораҳои ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо имконпазир аст, аммо Киев чунин имконро надорад.
Небензя инчунин бар ин назар аст, ки кишварҳои ғарбӣ "бо эҳтимолияти хеле баланд" аллакай тасмим гирифтаанд, ки Киев ба истифодаи силоҳи дурбурд барои зарбаҳои амиқ ба Русия иҷозат диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло талош доранд ӯро дар назари мардум қонунӣ кунанд.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки кишварҳои НАТО ҳоло на танҳо имкони истифодаи силоҳҳои дурпарвози Ғарбро аз ҷониби Киев баррасӣ мекунанд, дар асл онҳо тасмим мегиранд, ки дар муноқишаи Украина бевосита иштирок кунанд ё на.
Вай афзуд, ширкати мустақими кишварҳои ғарбӣ дар муноқишаи Украина моҳияти онро тағйир медиҳад, Русия маҷбур мешавад, ки бар асоси таҳдидҳое, ки ба ин васила эҷод шудааст, тасмим бигирад.