Зокирзода: Мардумони Тоҷикистону Узбекистон аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманданд

Раисони парлумони Тоҷикистону Узбекистон масъалаи ғанӣ гардонидани робитаҳои байнипарлумониро бо мазмуни нав баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ахиран тақвияти робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон дар дидори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Сенати Узбекистон Танзила Нарбоева баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ мулоқот дар ҳошияи Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, сурат гирифт.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки натиҷаҳои дар минтақа бадастомада, бешубҳа, саъю кӯшиши Сарони давлатҳо барои таҳкими ҳамкорӣ мебошанд.
Инчунин тарафҳо дар мулоқот масъалаи истифодаи самараноки назорати парлумонӣ дар татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда ва зарурати боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва комиссияҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Транзити молҳои Тоҷикистон тариқи Узбекистон соддатар мешавад
Ҳамзамон дар вохӯрӣ дар бораи такмили заминаи ҳуқуқӣ дар самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва табодули таҷриба байни мақомоти намояндагии маҳаллӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар сатҳи боварибахш рушд карда, мардумони ду давлат аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманд ҳастанд.