ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои V ҷаҳонии кӯчманчиён боз як медали биринҷӣ ба даст овард.
Ҳамин тариқ, дар чаҳорчӯби рӯзи панҷуми мусобиқот паҳлавон Сайфиддин Сайфиддинов дар гуштии миллии туркӣ дар вазни 80 кило мақоми севумро ба даст овард.
Ба ин тартиб, дастаи Тоҷикистон соҳиби 5 медали биринҷӣ ва дар байни 89 кишвари ҷаҳон дар мақоми 14-ум қарор гирифт.
Қаблан Дадахон Қурбоналиев дар вазни +100 кг ва Ҳақназар Назаров (90 кг) дар ин мусобиқа соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
Онҳо ду медали биринҷиро дар куреси қазоқӣ, як намуди гуштии миллии қазоқӣ, ки шабеҳи гуштингири аст, соҳиб шуданд.
Ҳамроз Раҷабов низ дар ҳамин ришта медали биринҷӣ гирифт.
Инчунин медали биринҷӣ насиби тими Тоҷикистон дар бозии миллии мардуми қазоқ "Асиг ату" гардид.
Дар сабқат дастаӣ мунтахаби Қазоқистон ҷойи аввал, Қирғизистон ҷои дуюм ва Русия ҷойи севумро касб карданд.
Миёни кишварҳое, ки беш аз 10 медал ба даст овардаанд, Узбекистон, Эрон, Муғулистон ва Маҷористон ҳастанд.
Дар Остона Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён ҷараён доранд. Дар онҳо беш аз 3 ҳазор варзишгар аз 90 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 56 нафар аз Тоҷикистон ширкат доранд.
Маросими пӯшидашавии Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён рӯзи ҷумъаи 13 сентябр баргузор мешавад. Созмондиҳандагон гуфтанд, ки он бидуни тамошобинон аммо бо ҳузури ҳайатҳои варзишӣ баргузор мешавад.