Кванториум – қаламравест, ки толибилмонро ба сӯи комёбиҳои технологӣ мебарад – видео

Мактаби русӣ-тоҷикӣ ба номи А.П. Чехов дар шаҳри Хуҷанд нахустин муассисаи таълимии умумӣ дар вилояти Суғд аст, ки соҳиби кванториум ё парки технологӣ шуд
Sputnik
Минбаъд толибилмони мактаби мазкур имкон доранд, ки донишу маҳорати худро дар чунин технопаркҳо афзун намуда идеяҳои худро дар олами муваффақи технология дар амал тадбиқ хоҳанд кард.
Дилрабо Қосимов, омӯзгори фани технологияи иттилоотӣ дар мактаби тоҷикию русӣ ба номи А.П. Чехов дар шаҳри Хуҷанд мегуяд, аҳамияти кванториумҳо хеле муҳим аст, зеро ҳоло асри техникаву фанновариҳо фаро расидааст ва техникаҳо ҳам рӯз аз рӯз дигаргун мешаванд.
Бино ба гуфти ӯ, зимнан дар кванториумҳо аз рӯи панҷ равия машғулиятҳо гузаронида мешаванд.
“Меделикунонии сеченака, технологияи мултимедӣ, робоквантиум, аэроквантиум ва барномасозӣ ё IT квантиум аст” – таъкид кард, Қосимова.
Дар расми ифтитоҳи чунин кванториум дар мактаби ба номи А.П. Чехов дар Хуҷанд, сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев, ширкат варзид.
Дар Хуҷанд 100–солагии нахустин мактаби навро таҷлил карданд – видео
Григорев таъкид намуд, ки кванториум ё парки технологии мактаб як қаламравест, ки ба атфоли боистеъдоди алоқаманд ба технология ва илм иҷоза медиҳад, то дониши ҷадид, маҳоратҳои ҷадид ба даст биоваранд.
Толибилмони мактаби тоҷикию русии ба номи А.П. Чехов дар Хуҷанд зимни бозшавии дари кванториум дастовардаҳои худ дар озмуну олимпиядаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ тайи як соли охирро муаррифӣ намуданд, ки бо натиҷаҳои баланд комёб шудаанд.
Ба ин тартиб ҳоло тамоми панҷ мактабе, ки Русия соли гузашта дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода – ба истифода дод, соҳиби парки технологӣ шуданд.
Мактаби русӣ-тоҷикӣ дар Душанбе соҳиби кванториум ё парки технологӣ шуд - видео
Ин мактабҳо 1 сентябри соли 2022 аз сӯи раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин – ифтитоҳ шуд.
Русия барои сохтмони онҳо ҳудуди 150 миллион доллари амрикоӣ ҳазина кардааст.
Русия ба ҷузъ ин, дигар макотиби Тоҷикистонро ҳамасола бо ашёи хониш ва аёниятҳои таълимии муосир кӯмак мерасонад.