ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ байни "Тоҷикаэронавигатсия" ва "Узаэронавигатсия" гурӯҳи кории "Тоҷикаэронавигатсия" ба Узбекистон сафар намуд.
Дар ин бора , дафтари матбуоти "Тоҷикаэронавигатсия" хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи сафар амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи нақшаи чорабиниҳое мебошад, ки дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ ба мувофиқа расидаанд.
Дар доираи сафар гурӯҳи кории "Тоҷикаэронавигатсия" бо роҳбарони Корхонаи "Узаэронавигатсия" мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба мубодилаи иттилооти зарурӣ ва ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва Узбекистонро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон гурӯҳи корӣ бо Маркази идоракунии ҳаракати ҳавоии Тошканд, манораи муназзимӣ ва бахши шаҳрвандии маркази асосӣ шинос гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ёддошти ҳамкорӣ байни "Тоҷикаэронавигатсия" ва "Узаэронавигатсия" ба имзо расид.