ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории Туркманистон бо Русия ва ИИАО, инчунин ҳамкориҳо дар доираи ИДМ фаъолона рушд меёбанд.
Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач дар форуми сармоягузории TIF-2024 дар Ашқобод хабар дод.
Оқои Волвач таъкид кард, ки Русия аз навсозии иқтисоди Туркманистон ва фароҳам овардани фазои ҷолиби сармоягузорӣ барои бахшҳои суннатӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла манобеъи таҷдидшавандаи энержӣ ҳимоят мекунад.
Вай инчунин гуф Русия барои табодули технологияҳои худ ва пешниҳоди лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт омодааст.
Муовини вазир ҳамчунин ба диверсификатсияи содирот аз Туркманистон дар бахшҳои кишоварзӣ, кимиё ва нассоҷӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кард.
Ӯ изҳор дошт, ки Туркманистон рушди устувори иқтисодиро нишон медиҳад.
Илова бар ин, оқои Волвач ба мавқеъи стратегии ҷуғрофии Туркманистон, ки имкон медиҳад робитаҳои нақлиётӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи Хазар, аз ҷумла таҷдиди хатсайрҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан ба рлҳ монад, таъкид кард