Панирҳои “Ҳалол” аз Воронежи Русия ба бозори Тоҷикистон ворид мешаванд

Корхонаи панирсозии Воронеж аз снҷиши Росселхознадзор ва расмиёти зарурии сабти ном дар Тоҷикистонро гузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Корхонаи Воронеж барои содироти панир ба Тоҷикистон иҷозатнома гирифт.
Корхонаи панирбарории “Эконива”, ба фурӯши панир дар Тоҷикистон ва ҳамчунин Туркманистон шурӯъ хоҳад кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин корхона.
"Корхонаи бузургтарин ширии Русия, “Эконива”, ки дар деҳаи Шучиеи вилояти Воронеж воқеъ аст, барои содироти панир ба Тоҷикистон ва Туркманистон иҷозатнома гирифтааст", - хабар дода шудааст.
Қайд карда мешавад, ки корхона якчанд намуди панирҳои нимсахт ва панирҳои сахт бо сифати олӣ истеҳсол мекунад.
Корхонаи панирбарорӣ аз санҷиши Росселхознадзор ва расмиёти зарурии сабти ном дар Тоҷикистон гузаштааст.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо корхонаи "Продмаш"-и Русия масъалаи ҳамкориро баррасӣ кард
Гирифтани иҷозатномаи содирот тасдиқ мекунад, ки корхона стандартҳои баланди сифатро ҳифз кардааст ва бехатарии маҳсулоти истеҳсолшударо кафолат медиҳад.
Бартарии “Эконива” дар бозори Осиёи Марказӣ дар он аст, ки корхонаҳояш сертификати “ҳалол” гирифтаанд.
Ҳоло навъҳои зиёди маҳсулоти ин корхона, аз ҷумла панир, барои истеъмоли мусалмонон иҷоза дода шудааст.
Панирҳои “Эконива” ба сокинони кишварҳои ҳамсоя аллакай шиносанд. Дар соли 2023 корхона содироти маҳсулоти худро ба Қазоқистон ва Арманистон оғоз кард. Илова бар ин, корхона ба Узбекистон ва Абхозистон панир содир мекунад.