ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Идораи мусалмонони Русия ва Шӯрои муфтиҳои ин кишвар ҳамла ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро маҳкум карданд.
Дар ин бора Рушан Аббясов, муовини раиси Идораи мусалмонони Русия хабар дод.
"Идораи мусулмонони Русия ва Шӯрои муфтиҳо ҳамлаи ваҳшиёна ба муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзодаро қотеъона маҳкум мекунанд. Ин як амали хушунат аст, ки на танҳо алайҳи як рӯҳонӣ, балки алайҳи тамоми некхоҳон ва бар зидди сулҳу субот дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронида шудааст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Аббясов, ҳодисаи рухдода ҳеҷ гуна асос надорад ва наметавон онро тавҷеҳ кард.
"Мо умедворем, ки ҳама гунаҳкорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт. Муҳим дар онт аст, ки ҳама шаҳрвандон бояд муттаҳид бошанд ва ба иғво дода нашаванд", - гуфт ӯ.
Раиси Анҷумани рӯҳонии мусулмонони Русия, муфтии Маскав Албир Крганов дар шарҳи ҳамла ба муфтии Тоҷикистон гуфт, муҷозоти худсарона ва хушунат тибқи шариати ислом ба таври қатъӣ мамнӯъ аст.
"Онҳое, ки қасди анҷоми ин гуна таҷовузро доранд, гирифтори ҷаҳолатанд ва ба ақидаҳои ботил гирифтор шудаанд, бар зидди як шахс, хоҳ шаҳрванди оддӣ бошад, хоҳ рӯҳонӣ, ба ҷуз куфр ва ҷиноят дар назди Худои таъоло чизе нест", гуфт ӯ.
Крганов қайд кард, ки дар ҷаҳони муосир одамон аксаран бо ифротгароӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки барои ноором кардани ҷомеа ва барҳам задани эътимод ба арзишҳои маънавию ахлоқӣ истифода мешаванд.
"Ин амалҳои мағзшӯишуда танҳо як кӯшиши ҷори кардани бесарусомонӣ дар ҷаҳон аст, ки мо дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек мехоҳем бунёд кунем. Ин амали хушунат дар Тоҷикистон, ки ба мо наздик аст, ҳамаи моро ба ташвиш овардааст, мо бояд ҳушёр ва муттаҳид бошем, бахусус имрӯз барои муқобила бо чолишҳои ҷомеаи мо”, - таъкид кард ӯ.
Қаблан маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҳамла ба Саидмукаррам Абдулқодирзода дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе хабар дод. Дар ин ҳамла муфтии Тоҷикистон бо корд захмӣ шуд.
ВКД Қайд кардааст, ки муфтии Тоҷикистон ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, баъди ташхиси духтурон ба ҷойи зисташ гусел карда шуд.