11 медали наврасон ва мактаббачагони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва мактаббачагон соҳиби чор медали тилло, як нуқра ва шаш биринҷӣ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11сент — Sputnik. Варзишгарони ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва мактаббачагон, ки дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, соҳиби 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) гардиданд.
Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқа аз 27 август то 10 сентябр дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардида.
Дар ин мусобиқа байни мактаббачаҳо аз Тоҷикистон Анӯшервон Сиддиқов, ва Акбарҷон Абдуллое соҳиби медали тилло шуданд. Инчунин Дилшод Сиҷаев медали биринҷӣ ва Фирӯзҷон Бойматов медали нуқра ба даст оварданд.
Байни наврасон Фариноз Абдуллоева ва Билолҷон Иксанов соҳиби медалҳои тилло шуданд. Мино Азамзода, Амирбек Маҳрамов, Абубакр Азизов, Сорбон Нурализода ва Умарҷон Асроров соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.
Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев унвони нав гирифтанд
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи бокси Тоҷикистон ба ин чемпионат ҳайати мукаммал, иборат аз 27 нафар (14 муштзан байни мактаббачаҳо ва 13 муштзан байни наврасон)-ро равон намуд.
Онҳоро дар ин мусобиқа мураббиҳо Саидхоҷа Мамуров, Тоирҷон Аглухов, Эмомалӣ Малаев, Рустам Музаффаров, Улфатшоҳ Ҳошимов, Ҳасан Мӯсоев ва Хуршед Абдуллоев ҳамроҳӣ карданд.
Ҳамчунин Акмалҷон Абдуллоев дар ин мусобиқа чун довар иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар чемпионат байни мактаббачагон 149 варзишгар аз 24 давлати қора иштирок дошт.