ДУШАНБЕ, 10 сент — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба нишасти Маҷмаи Умумии СММ, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор мешавад, нахоҳад рафт, зеро имрӯз ИМА кишвари хуб барои сафари раҳбари Русия нест, гуфт котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков ба РИА Новости.
"Ӯ солҳои охир сафар намекунад. Ҳоло Иёлоти Муттаҳида, дарвоқеъ, кишваре аст, ки ӯҳдадориҳои худро ҳамчун кишвари қароргоҳи СММ ба таври хуб иҷро намекунад. Эҳтимол, ин масири хуб барои сафар нест”, - гуфт ӯ.
Намояндаи Кремл ба ин суол, ки чаро Путин бори дигар тасмим гирифт, ки дар Маҷмаи умумии СММ суханронӣ накунад, чунин посух дод.
Раисиҷумҳур қаблан ҳайати даҳнафарии Русияро дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ, ки рӯзҳои 22-23 сентябр дар Ню-Йорк баргузор мешавад, тасдиқ кард.
Ба гуфтаи оқои Песков ҳайати Русия Сергей Лавров, вазири хориҷаи икшвар раҳбарӣ мекунад.