Раҳмон: Сатҳи камбизоатиро аз 83% ба 21% расондем

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид кард, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.
Вай қайд кард, ки дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз паст карда шавад.
Мувоффиқи таҳлилҳои Агентии омор сатҳи камбизоатӣ дар байни минтақаҳои кишвар нисбати шаҳр дар деҳот бештар аст.
Тибқи таҳлили охирине, ки Агентии омор дар соли 2019 анҷом додааст, мизони камбизоатӣ дар шаҳр 18,4 дарсад ва дар деҳот 30,1 дарсадро ташкил медиҳад.
Раҳмон барои кам кардани камбизоатӣ ба ҳукумат мӯҳлат дод
Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид.
Қаблан раисҷумҳури кишвар гуфта буд, ки Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,4 баробар, музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар ва шумораи соҳибкорон 1,6 баробар афзоиш ёфта, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.