Пирӯзии мунтахаби футзали Тоҷикистон бар Ҳоланд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 бо тими миллии Ҳоланд бозии дӯстона анҷом дод.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бар тими миллии Ҳоланд бозии дӯстона анҷом дод.
Ин бозӣ дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024баргузор шуд.
Ин бозӣ, ки дар маҷмааи варзишии "Кохи Олимп"-и Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби 4:3 ба ҳисоби футзалбозони тоҷик анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, рӯзи 7-уми сентябр дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 дар Душанбе аз тими миллии Испания, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон бо ҳисоби 2:9 шикаст хӯрда буд.
Ситораҳои футбол ва шоу-бизнес ба "Мегафон Football Day" омодагӣ мебинанд
Ёдовар мешавем, ки даҳумин мусобиқаи қаҳрамонии футзали ҷаҳон аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар се шаҳри Узбекистон - Тошканд, Бухоро ва Андиҷон – баргузор мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 дар гурӯҳи "Е" бо дастаҳои яккачини Марокаш, Португалия ва Панама бозӣ мекунад.
Ба иттилои Федератсияи Футболи Тоҷикистон ду бозии аввали мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ва бозии сеюм дар Бухоро баргузор мегардад.