Дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар пойтахти кишвар мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе мусобиқаи мазкур дар муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт баргузор гардид.
Қайд карда шудааст, ки мусобиқа дар ҳамкорӣ бо Федератсияи “Пойга ва бузкашӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар он чобуксаворон ва аспҳои хоҷагиҳои асппарварӣ, ҷамъиятию хусусии вилоятҳо, шаҳрию ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
“Маблағи умумии ҷоизаҳо 279750 сомониро ташкил дод”, қайд кардааст манбаъ.
Қобили зикр аст, ки мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ байни аспҳои зоти тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинии синну солашон аз 2 то 4 сола дар 8 марҳила ва дар масофаҳои аз 1200 то 1800 метр баргузор гардида, ғолиби мақоми аввал ба 10000 сомонӣ, ҷойи дуюм ба 7000 сомонӣ ва зинаи сеюм ба 5000 сомонӣ, инчунин диплом, медал ва ҷом қадрдонӣ карда шуданд.
Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба намудҳои миллии варзиш хусусан, пойгаи аспдавонӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.