Рамасвами гуфт, ки ба иттиҳомоти зидди расонаҳои Русия бовар надорад

Иттиҳомоти мушобеҳ алайҳи расонаҳои русӣ дар давраҳои интихоботии қаблӣ низ садо дод, аммо таъйид нашуд, ёдовар шуд Рамасвами
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Вивек Рамасвами, номзади пешини президентии ИМА гуфт, ба иттиҳоми мақомоти Амрико алайҳи расонаҳои Русия бовар надорад.
"Дарвоқеъ, ман он чизеро, ки онҳо (мақомоти ИМА - ред.) мехоҳанд фурӯшанд, намехарам",- гуфт Рамасвами дар сӯҳбат бо рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон, ки навори он дар шабакаи иҷтимоии X нашр шудааст.
Рамасвами қайд кард, ки иттиҳомоти мушобеҳ аллакай дар давраҳои интихоботии гузашта садо дода шуда буд, аммо тасдиқ нашудааст.
Рӯзи 4 сентябр Вазорати молияи ИМА эълон кард, ки алайҳи сардабири гурӯҳи расонаҳои “Россия сегодня”ва шабакаи телевизионии RT Маргарита Симонян ва муовинони ӯ Антон Анисимов ва Елизавета Бродская таҳрим ҷорӣ карда мешавад.
Сербистон таҳримҳои ИМА алайҳи расонаҳои Русияро зарбаи ҷаҳонӣ ба озодии баён номид
Ба ҷуз аз онҳо, раиси бахши пахши хабарҳои RT Андрей Кияшко, сардори шӯъбаи лоиҳаҳои расонаҳои рақамӣ Константин Калашников ва шуморе аз кормандони дигари ин шабака ба рӯйхати сиёҳ шомил шуданд.
Департаменти давлатии ИМА шароити кори гурӯҳи расонаҳои “Россия сегодня” ва филиалҳои онро сахттар карда, мақоми онҳоро “намояндагии хориҷӣ” муайян кардааст.
Тибқи талаботи Қонун дар бораи намояндагии хориҷӣ, онҳо бояд ба ҷониби ИМА дар бораи кормандон ва амволи худ хабар диҳанд.