Сурия: Таҳримҳои ИМА алайҳи расонаҳои Русия ин терроризми иттилоотист

Раҳбари Иттиҳодияҳои журналистони Сурия вобаста ба таҳримҳои ИМА бар зидди расонаҳои иттилоотии Русия гуфт, ин таҳримҳо терроризми иттилоотист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Таҳримҳои ИМА алайҳи расонаҳои Русия ва ҳар касе, ки сиёсаташ бо сиёсати Вашингтон мувофиқат нест, терроризм терроризми иттилоотист.
Муҳим аст, ки платформаҳои дигари интернетӣ барои муқобила ва фош кардани фаъолиятҳои ҷиноӣ ташкил карда шавад, гуфт раиси Иттиҳоди журналистони Сурия Абдулнур, ба РИА “Новости”.
Вазорати молияи ИМА ахиран эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида алайҳи гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня", РИА Новости, RT, Sputnik, Ruptly таҳримҳо ҷорӣ кард.
Таҳримҳои нав алайҳи сармуҳаррири расонаҳои гурӯҳи "Россия сегодня" ва RT Маргарита Симонян ва як идда раҳбарони роҳбарони ин расона ва телевизион ҷорӣ карда шудааст.
"Он чизе ки онҳо мекунанд, терроризми иттилоотӣ ном дорад ва мо бояд дар як ҷо наистем ва бояд инро ба назар гирем, ки Иёлоти Муттаҳида созмонҳои СММ ва аксари платформаҳои интернетиро назорат мекунад, аз ин рӯ мо бояд платформаҳои алтернативии интернетӣ таъсис дидеҳем", - гуфт Абдулнур.
Таҳримҳо бар зидди Русия ба ҳамкориҳои кишварҳои Осиё Марказӣ бо ИИАО таъсир нарасонд
Раиси Иттиҳоди журналистони Сурия даъват кард, ки барои пешгирӣ аз иқдомҳои Ғарб бар зидди матбуот аз усулҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бо иштироки суддои байналмилалӣ истифода барем.
"Барои муқовимат ҳама гуна воситаҳои интиқоли иттилоот ба ҷомеа, пеш аз ҳама ба ҷомеаи ғарбӣ зарур аст. То сиёсати ҷиноии ин кишварҳоро, ки платформаҳои интернетии иҷтимоии ҷаҳонро зери назорат доранд, таблиғ намоем. Кишварҳое, ки таҳти чунин таҳримҳо қарор гирифтаанд, метавонанд роҳҳо мухталифро пайдо намоянд”, - афзуд Абделнур.
Ҳамсӯҳбати оҷонсӣ ёдовар шуд, ки таҳримҳо алайҳи расонаҳои русӣ қаблан ҳам алайҳи шабакаи телевизионии Сурия ва Лубнон, "бар зидди ҳар касе, ки сиёсаташ ба сиёсати Иёлоти Муттаҳида мувофиқат намекунад" ҷорӣ шуда буд.
"Чунин амалҳо ошкоро қонунҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи озодии баёнро поймол мекунанд", - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки ин сиёсат душманона аст ва он идома дорад, ки Иттиҳодияи Аврупо низ қаблан як қатор амалҳоро алайҳи расонаҳои Русия анҷом додааст, зеро онҳо қудрати таъсиррасонии иттилоотро медонанд.