ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Барои таъмини ҳаракати муназзаму бехатари нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чанок деворҳои ҳимоявӣ (парапет) сохта мешавад, иттилоъ додааст Намояндагии Ширкати IRS дар Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз аз ҷониби ширкат дар масофаи 16 000 метр деворҳои ҳимоявӣ сохта ва гузошта шудаанд, ки ҳар парапет зиёда 2,5 тонна вазн дошта, дар ҳолати бархӯрди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автомобилҳои гаронвазн устувор боқӣ мемонад.
Қайд карда шудааст, ки мавҷудияти чунин деворҳо чандин мошинро аз афтидан ба дарё боздошта, боиси ҳифзи ҳаёти ҳамватанонамон гардид.
Таъкид шудааст, ки ҳангоми навсозии роҳи Душанбе — Чаноқ бунёди деворҳои ҳимоявӣ (парапет) дар лоиҳа набуда, ин иқдом, ки ҳадафи ягонааш таъмини бехатарии ронандагону мусофирон аст, маҳз бо ташаббуси роҳбарияти "IRS" амалӣ гардид.
Зикр гардидааст, ки гузоштани чунин деворҳо дар масири Душанбе – Чанок идома дорад.
Таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ (сарҳади Ӯзбекистон), ки 411 км дарозӣ дорад ва нақби (тоннели) Шаҳристон дар солҳои 2005-2008 ба анҷом расидааст.
Роҳи автомобилгард пойтахти кишварро тамоми сол бо ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ мепайвандад.
Роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак бо харҷи қариб 1 миллиарду 430 миллион сомонӣ навсозӣ шуд.