Ҳукумати Тоҷикистон беш аз 2500 мошини кӯҳнаро “авф” кард

Ҳукумати Тоҷикистон барои ба расмиятдарории беш аз 2500 мошини соли бароришашон то 2013, ки  моҳҳо дар анборҳои гумрук банд монда буданд, рухсат дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Дар ин бора аз Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҷамшед Орипов, сардори шуъбаи ташкилӣ ва назоратӣ дар Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд гуфт, ҳуҷҷати тасдиқи риззоияти ҳукумат дирӯз ба дасти онҳо расид ва акнун барасмиятдарории мошинҳо шурӯъ мешавад.
“Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ “авф” и мошинҳои кӯҳна беҳтарин туҳфаи ҳукумати кишвар ба соҳибкороне аст, ки ба воридкунии мошинҳо машғул мебошанд” – гуфт, ӯ.
Қаблан мақомоти гумрук гуфта буданд, ки мошинҳои кӯҳна ба қисмҳои эҳтиётӣ табдил дода мешаванд ва ё соҳибонашон метавонанд онҳоро бозпас (реэкспорт) кунанд.
Бар пояи иттилоъи Идораи гумрук ҳоло дар анбори тобеъи ин ниҳод дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд 1929 адад адад мошинҳои соли бароришашон то 2013 нигаҳдорӣ мешаванд. Ба ҷузъ ин дар шаҳри Турсунзода ҳам ҳудуди 600 мошинҳои кӯҳна мавҷуд будаанд.
Савдо нест: Мушкилоти тоҷирони мошин дар Суғд
Ба ин тартиб беш аз 2500 мошини соли бароришашон то 2013 нигаҳдорӣ мешаванд.
Ин мошинҳо дар поёни соли 2023 ва оғози соли ҷорӣ дар ҳоле вориди Тоҷикистон шуданд, ки алакай қарори ҳукумат дар бораи манъи мошинҳои соли бароришашон аз 2013 поён қабул шуд.
Тоҷирон изҳор мекарданд, ки дар роҳ бо мушкилиҳои зиёд дучор шуданд ва дар мақти муқараршуда расида натавонистанд.
Моҳи августи соли 2023 Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кард ва тибқи он сар аз моҳи октябри ҳамон сол воридоти мошинҳои соли бароришашон то 2013 манъ гардид.
То ин замон, борҳо соҳибкорону тоҷирон аз мақомоти гумрук дар вилояти Суғд хостори барасмиятдарории мошинҳои бандмондаашон шуда буданд.